Дар як рӯз дар Донетск 21 кас куштаву 43 кас ярадор шуданд

— Дар Ҷумҳурии Халқии Донетск бар асари таҷовузи неруҳои украинӣ дар як рӯз 21 нафар кушта ва 43 нафар маҷруҳ шуданд,- хабар медиҳад милисаи мардумии ҶХД.

«Дар натиҷаи таҷовузи Украина 21 ғайринизомӣ кушта ва 43 нафар маҷруҳ шуданд»,- омадааст дар изҳороти вазорат дар шабакаи телевизионияш.

Рӯзи душанбе милисаи мардумии ҶХД дар як рӯз дар бораи 21 кушта ва 33 захмӣ хабар дод. Бино ба иттилои намояндагии ҶХД дар Маркази муштараки назорат ва ҳамоҳангсозии оташбас, дар давоми 26 рӯзи шиддат гирифтани низомиёни Украина дар Ҷумҳурии Халқии Донетск 47 ғайринизомӣ кушта, 221 ғайринизомӣ ба дараҷаи гуногун ҷароҳат бардоштанд, ки 14 нафари онҳо кӯдакон мебошанд.

Генерал-майор Игор Конашенков, сухангӯи Вазорати дифои Русия рӯзи душанбе гуфт, тирборони Донетск бо бомбаҳои кассетӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки вазифаи неруҳои украинӣ куштани ҳарчи бештари ғайринизомиён буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *