“ЛЕНД РОВЕР” баҳри солимии ҷомеа!

23 декабри соли ҷорӣ аз рӯзи ташкилшавии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон 90 сол пур гардид. Ин куҳантарин ташкилоти хайрияи Тоҷикистон буда, мақсади асосии он ҳамчун сохтори мададгори мақомоти давлатӣ дар самти фаъолияти башардӯстона, ба аҳволи табақаҳои мӯҳтоҷтарини аҳолӣ, ки дар натиҷаи вазъи феълӣ ҳаёташон зери таҳдид аст ё имконияти минималии иҷтимоию иқтисодиашон ва шаъни инсониашон ҷабр дидааст, беҳбудӣ бахшидан мебошад.

Дар арафаи ин санаи таърихӣ, мо бо муовини Котиби генералии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон Мирова Дилором Саидовна вохӯрда, оид ба фаъолияи ҶҲАТ   ва барномаҳои башардӯстонае, ки имрӯз дар амаланд, суҳбат намудем.

 -Пеш аз ҳама барои Шумо ва ҳамаи аъзоёну ихтиёриёни Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон 90-солагии ташкилшавии Ҷамъиятро муборакбод мегӯем.   

-Ташаккур. 90 сол барои фаъолият намудани ин ё он ташкилот  муддати кам нест. Рӯзи таъсиси Ҷамъият  23 декабри соли 1927  ба қайд гирифта шудааст. Дар ибтидо Ҷамъият ҳамчун як бахш дар назди Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Ӯзбекистон таъсис ёфта, пас аз ташкилёбии Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон, аз соли 1929 ҳамчун Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон мустақилона фаъолият менамояд.Тамоми фаъолияти ҶҲАТ аз рӯзи ташкилшавиаш дар мутобиқат бо принсипҳои асосии Ҷунбиши Байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар ба пешгирӣ ва сабук гардонидани ранҷу азоби инсон бе ҳеҷ гуна тафриқа дар миллату нажод, ҷинсият ва синну сол, эътиқоди динӣ ва назарҳои сиёсӣ, ҳамчунин дастгирии якдигарфаҳмиву дӯстӣ дар байни халқҳои ҷаҳон ва  саҳмгузорӣ дар пойдории сулҳ дар тамоми дунё равона  шудааст.

Дар ҳоли имрӯз ин ҷамъият чун сохтори ёрирасони мақомоти давлатӣ дар соҳаи башардустї чӣ дар ҳолати сулҳу оромӣ ва чӣ дар замони ҷанг, ҳамчунин дар ҳолати сар задани офатҳои табиӣ фаъолият менамояд  ва пеш аз ҳама дар рушди соҳаи тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, дастгирии пирон, маъюбону ятимон саҳми арзанда мегузорад.

Шумо таъкид намудед, ки яке аз равандҳои асосии фаъолияти Ҷамъият саҳмгузорӣ дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии мардум мебошад. 

-Бале, пеш аз он, ки дар бораи барномаҳои нави башардӯстона  дар ин соҳаҳо ҳарф занам, мехоҳам хотиррасон намоям, ки дар ин самт тӯли 90 сол ҶҲАТ бо масъулияти баланд иҷрои уҳдадориҳояшро ба сомон мерасонад. Ҳанӯз солҳои аввали ташкилёбӣ ҶҲАТ вазифаҳои мушаххаси худро дар самтҳои баамалбарории тарғиботу ташвиқот миёни аҳолӣ оид ба масъалаҳои санитариву  беҳдошти инсон, пешгирии касалиҳои иҷтимоӣ ва сироятӣ ба амал мебаровард. Бар замми ин, муассисаҳои табобатӣ – профилактикӣ, хизмати коммуналӣ ва ғизотаъминкунии умумӣ бар дӯши ҶҲАТ вогузор гардида буд. Гурӯҳҳои ғизодиҳии ҶҲАТ ба туфайли таъмини эҳтиёҷмандон бо маводи ғизоӣ ва доруворӣ барои аҳолии мамлакат кӯмаки беандоза калон расониданд.  Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ихтиёриёни ҶҲАТ захмдоронро дар госпиталҳои дар Тоҷикистон созмондодашуда парасторӣ мекарданд,  дружиначиёни санитарӣ  ҳам дар фронт ва ҳам ақибгоҳ хизмати шоиста нишон додаанд. Дар давоми солҳои барои Тоҷикистон душвори 1992 – 1997 ҶҲАТ дар баробари расонидани кӯмаки башарӣ ба ҷабрдидагони ҷанги дохилӣ, инчунин ба аҳолие, ки  аз офати табиии ҳаҷмашон  хурду калон,  фуромадани сел, заминларза , лағжиши замин ва ғайра зарар диданд, мадади моддии башарӣ мерасонд.

Соли 1994 Федератсияи байналмилалии Ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар (ФБҶССваҲА) қарори оғози барномаҳои васеи башардӯстиро барои аҳолии Тоҷикистони минбаъд мустақил, ки аз буҳрони иҷтимоӣ-иқтисодӣ зарари ҷиддӣ дида буд, қабул намуд. Аз он давра то имрӯз  барномаҳои зиёди якҷояи зарурӣ дар самти расонидани кӯмак барои гурӯҳҳои ниёзмандтарини аҳолии мамлакат амалӣ шуданд ва алҳол аз рӯӣ  Лоиҳаву Барномаҳои гуногун  кор бурда истодаем.

-Дилором Саидовна, хуб мешуд дар бораи яке аз барномаҳое, ки дар самти мазкур бо роҳбарии худатон амалӣ гардидааст, муфассал  нақл намоед.

-Бояд ошкоро гуфт, ки  масъалаи мубориза алайҳи паҳншавии касалиҳои сирояткунандаи  сил, бемории норасоии масъунияти бадан- БНМБ (СПИД), яъне беморие, ки онро вируси норасоии масъунияти бадан ВИЧ ба вуҷуд меорад ва дигар сироятҳо  яке аз масъалаҳои мубрам дар соҳаи  тандурустии ҷумҳурӣ маҳсуб меёбад. Сабабҳои паҳншавии ин бемориҳо бештар аз дастнорас будан  ба хизматрасонии тиббӣ, ҷойгиршавии маҳалҳои аҳолинишин дур аз муассисаҳои табобатӣ-профилактикӣ, ниҳоят коста будани тартиботу ташкили тандурустии аввалиндараҷа ва камбизоатист, ки низ омили хатарнокест барои тандурустии аҳолӣ. Аз ин рӯ, чандин барномаҳо амал мекунанд, ки дар ҳалли  ин масоили доғи рӯз фоида мерасонанд. Яке аз онҳо барномаи «ЛЕНД РОВЕР баҳри  солимии ҷомеа» сс. 2015-2017.“ мебошад. Ин барнома   як ќатор ноҳияҳои водии Рашт, яъне ноњияњои Рашт, Сангвор, Лахш ва Тоҷикободро дар ҳудуди 40 ҷамоат, 10 деҳот ва 37 мактаб  дар бар мегирад. Мақсад аз роҳандозӣ шудани барнома тавассути  васеъ  гардонидани донишу таҷрибаи аҳолии деҳоти  чор ноҳияи интихобгардида,  ташкили омӯзиш оид ба пешгирии касалињои сироятшаванда ва эътиноии сариваќтї  дар ҳолатҳои  фавқулода мебошад. Ин барномаи байналхалқӣ буда, сарпарастони он ширкати автомобилсозии  «Ленд Ровер» ва Ҷамъияти салиби сурхи Финландия мебошанд.

160 нафар ихтиёриён аз онҳо 40 нафар  омӯзгорон, боз духтурон, шахсони  обрӯманди  љамъият, соҳибхоназанҳои фаъол дар Барнома ширкат варзида, 4800 хоҷагии оилавӣ дар деҳот, 6000 хонандагони мактаб фаро гирифта шуданд. Бо мақсади расидан ба ҳадафи Барнома дар давоми се сол  2 конференсия,12 мизи мудаввар гузаронида шуд.

Яке аз афзалиятҳои ҶҲАТ дар он аст, ки дар дар маҳаллҳои зисти ҳамаи ноҳияҳо, шаҳрҳо, минтақаҳо ва вилоятҳо бахшҳо, ташкилотҳои ибтидоӣ ташкил намудааст.Танҳо аз рӯӣ ҳамин Барнома боз 23 ташкилоти ибтидоӣ дар назди бахшҳои мавҷуда созмон дода шуданд.

-Албатта, барои иштирокчиёни Барнома ва аҳолӣ  маводҳои омӯзишӣ низ тайёр карда шуданд?

-Пеш аз ҳама, барои  ихтиёриён ва омӯзгорон дастурамалҳо аз рӯи барномаи CBНFA, ҳуҷҷатҳои нигоришдор пешниҳод шуданд. Барои аҳолӣ, хонандагон маълумотномаҳо нашр шуданд. Бо мақсади риояи дурусти гигиенаи шахсӣ ба духтаракон варақаҳои маълумотдор пешниҳод гардиданд. Барои гузаронидани  дарсҳои амалӣ қуттиҳои ёрии аввал (аптечка), маҷмӯи гигиенӣ, муляжу шинаҳо истифода шуданд.

-Барнома ба ғайр аз вазифаҳои омӯзишӣ дигар ҳадафҳоро низ дар бар мегирифт?

-Чӣ хел, ки дар боло ишора рафт, яке аз ҳадафҳои Барнома пешбурди ҷиҳати беҳдошти аҳолӣ буд ва дар ин самт корҳои шоёне ба анҷом расонида шуданд. 15 Лоиҳаи таъмин намудан бо оби нӯшокӣ амалӣ гардид, 2649 хоҷагӣ бо аҳолии 13246 нафар бо оби ошомиданӣ таъмин шуданд. Дар мавзеҳои дурдаст барои оилаҳои маъюбдор 6 ҳаммом сохта ба истифода супорида шуд.

Ниҳоят барнома бомуваффақият анҷом ёфт, бигӯед, он чӣ гуна  баҳогузорӣ гардид?

-Баҳогузорӣ аз рӯи  талаботи  Ҷамъияти Салиби Сурхи Финляндия ба вуқӯъ пайваст ва қайд карда шуд, ки Барнома ва сохтор, принсипҳои амалишавии он нотакрор ва барои мамлакат муҳим буданд. Ҳадафҳои Барнома, аз ҷумла ёрии ҳамаҷониба ба сохторҳои мавҷудаи соҳаи тандурустӣ дар марҳилаи ташкилшавиашон, фаъолгардонии нақши занон дар тарғиби тарзи ҳаёти солими оилавӣ, ҳамчунин   масоили вобаста ба афзоиши таваллуд ва хатари саломатии модару кӯдак, масъалаҳои иҷтимоии аҳолии камбизоат  дар ҷумҳурии мо актуалӣ дониста шуданд.

-Барои пурра амалӣ шудани Барномаи «ЛЕНД РОВЕР баҳри  солим»сс. 2015-2017“ киҳо бо ҶҲАТ ҳамкорӣ намуданд?

— Барои пурра амалӣ шудан ва ба ҳадафҳои худ ноил гардидани Барномаи «ЛЕНД РОВЕР баҳри  солимии ҷомеа» сс. 2015-2017.“ чунин ташкилотҳо ба монанди Созмони Умумиҷаҳонии тандурустӣ, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ, Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим, Вазорати маориф ва илм, КҲФ, Кумитаи занон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди ҲҶТ, муассисаҳои давлатии маҳаллӣ, Кумитаи замини назди Ҳукумати ноҳияҳо ва шуъбаҳои экология. Ба ғайр аз ин, барои тарғиби васеи Барнома ба  кормандони ВАО дар маҳалҳо низ сипосгузорем, дар се сол 25 мавод ба чоп расид ва тариқи радио садо дод.Бояд гуфт, ки ҳамкорӣ бо ВАО-и маҳаллӣ назар ба ҷумҳуриявӣ самараноктар аст, зеро на ҳамеша рӯзномаҳо ба маҳалҳои дурдасти деҳот сари вақт мерасанду тамошои телевизион ҳам бо сабабҳои  гуногун на ҳама вақт дастрас аст.

 —Ҷалби ихтиёриён дар ин Барнома душвор буд? Умуман, ин кор бо ихтиёриён  дар ҶҲАТ чӣ тавр ба роҳ монда шудааст?

-Ихтиёриён қувваи бузурги ёрирасони мо мебошанд. Бе онҳо ягон Лоиҳа, ягон барномаи ҶҲАТ амалӣ нахоҳанд шуд, аз ҷумла Барномаи «ЛЕНД РОВЕР баҳри  солимии ҷомеа» сс. 2015-2017“ҳам. Онҳо дар ҳамаи Лоиҳаҳои мо  фаъолона иштирок менамоянд. Аз ин лиҳоз, мо ба ҷалби волонтёрҳо-ихтиёриён ва омӯзиши онҳо аҳамияти калон медиҳем. Масалан, лоиҳае доштем бо номи «Рушд ва идоракунии ихтиёриён». Дар доираи ин хел барномаҳо ихтиёриён пеш аз ҳама бо Принсипњои бунёдии Њаракати Байналмилалии Салиби Сурх ва Њилоли Аҳмар, таърихи Њилоли Ањмар ва фаъолияти ҶҲАТ шинос ва аз машќњои амалї оид ба Расонидани Ёрии Аввали тодухтурї бархурдор мегарданд. Барои ҷалби ихтиёриён дар маҳалҳо бахшҳо кор мебаранд, дар байни хоҳишмандон викторинаҳо, озмунҳо дар мавзӯъҳои расонидани ёрии аввалин, ба мисли иншои беҳтарин гузаронида мешавад. Ба ихтиёриёни беҳтарин  туҳфаҳои хотирмон, сипосномаҳо ва ифтихорномаҳо супорида мешаванд. Ихтиёриён-пеш аз ҳама онҳое мебошанд, ки дили бузург доранду  пур аз меҳру шафқат. Аз фурсат истифода бурда, мехоҳам гӯям, ки ихтиёрии ҶҲАТ шудан кори пуршараф аст ва ҳар касе, ки мехоҳад дар сафи онҳо бошад, метавонад ба ягон бахши ҶҲАТ, ки дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ фаъолият доранд, муроҷиат намояд. Он ҷо хоҳишмандонро меомӯзонанду аз чӣ иборат будани корашонро нишон медиҳанд.

Аз ҳамкориҳои ҶҲАТ  бо аҳолӣ, тақризу мулоҳизаҳояшон дар матбуот  бармеояд, ки мардум ба шумо боварӣ дорад ва ҳамеша бо дили пур аз меҳру шафқат ёрирасонатон хоҳад буд. Бори дигар санаи 90-солагии ҶҲАТ ва фарорасии Соли Навро бароятон муборакбод мегӯем. Барои суҳбат ташаккур.

-Саломат бошед, ба хонандагони ҳафтаномаи «Оила» низ Соли Нав муборак бошад!

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *