«Тӯй»-и ниёзмандон дар шаҳри Гулистон

Имрӯз роҳбари  Ташкилояти ҷамъиятии “Бунёди шафқати Турсуной Зокирова”, ғолиби озмуни “Битва экстрасенсов” Турсуной Зокирова барои беш аз 40 оилаи ниёзманду камбизоат сару либос ва ба 10 оила дар баробари сару либос маҳсулоти озуқавории ниёзи аввал  тақдим кард.

                               Зулфия Рустамова

Оилаҳое, ки аз ин иқдоми хайри Зокирова баҳравар шуданд, бештар занон ва кӯдакони онҳо буданд. Яке аз чунин бонувон, ки  модари чор фарзанди ятим-Зулфия Рустамова мебошад, ки чандин сол боз аз хайроти Турсуной Зокирова баҳравар мегардад: Баъди муддати 23 сол аз озодӣ маҳрум шудани шавҳарам бо ду кӯдак дар кӯча мондам. Дидам, ки бароям як соябону ба ятимонам падар даркор, маҷбур шудам дубора шавҳар кунам. Аммо бахт ба рӯям нахандид ва шавҳари дуюмам маро миёни замину осмон бо чор ятим партофту рафт. Ман, ки ягон касбу кори даромаднок надорам танҳо ба кӯмаки чунин шахсони саховатпешаю ғамхор рӯзгордорӣ мекунам. Беш аз 5 сол аст,  ки ҳоҷиоя (ҳоҷибибӣ)-и азиз Турсуной Зокирова  сари кӯдакони ятими маро сила карда,   аз сару либос то хӯрокворӣ ёрӣ мекунанд. Дар ҷавоби ин ғамхориҳои бемислашон сидқан дуо мекунем, ки  Худованд дар паноҳаш нигоҳ дорад ва давлату саховаташонро бештар гардонад…

Идомаро дар шумораи навбатии ҳафтаномаи  “Тоҷикистон” мутолиа намоед.

                                                                              Фарзона Муродӣ

 

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *