ХУҶАНД: ФОҲИШАҲО ДАСТГИР ШУДАНД (Видео)

Дар ҷараёни як амалиёти вижа дар дискоклубҳо ва марказҳои дилхушии шаҳри Хуҷанд 35 зани аз 18 то 40-сола бо гумони танфурӯшӣ дастгир шудаанд. 7 нафари онҳоро ба рӯйхати махсуси занони фоҳиша ворид кардаанд. Вазорати дохила мегӯяд, танфурӯшон усули наву пешрафтаеро пайдо карда, акнун барои худ дар дискоклубҳо ва марказҳои дилхушӣ харидор меҷӯянд.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар як гузориши видеоӣ хабар додааст, ки масъулони бахши кофтукови ҷиноии раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд ба хотири коҳиш додани сафи занони бадахлоқ, ки яке аз паҳнкунандагони касалиҳои сироятии ҷинсӣ мебошанд, амалиёти профилактикии «Ахлоқ” гузарондаанд.

Акбар Шарипов, сухангӯи раёсати корҳои дохилии Суғд мегӯяд, «ин амалиёт дар маконҳои гаштугузори фоҳишаҳо ва дар ҷойҳои ба ҳаракатҳои бадахлоқӣ заминагузоранда, аз ҷумла дар дискоклубҳо баргузор карда шуд.”

Дар ин гузориш танфурӯшӣ як зарбаи сахт ба генофонди миллат ба қалам дода шуда, гуфта мешавад, ки агар қаблан ба хидматрасониҳои шаҳвонии даъватӣ ва дар қади кӯчаҳои пойидани мизоҷ як шеваи рафтори занони танфурӯш бошад, ҳоло онҳо як «усули наву пешрафта” пайдо кардаанд. Акбари Шарипов мегӯяд: «Занони сабукпой ҳоло усули наву пешрафтаро дар дарёфти мизоҷ дар дискоклубҳо ва марказҳои дилхушӣ медонанд.”

Мақомоти шӯъбаи кофтукови ҷиноии милисаи Суғд мегӯянд, бино ба маълумоти оперативӣ, дискоклубҳо ва марказҳои дилхушӣ ҳоло ба як макони умдаи густариши танфурӯшӣ дар маркази маъмурии вилояти Суғд табдил ёфта, ронандагони кирокаш ҳамчун миёнрав ё мусоидаткунанда, ваё ба таъбири роиҷтар, ҳамчун далла шинохта шудаанд.

Дар гузориши вазорати дохила гуфта мешавад: «Агар дискоклуб ба зани сабукпой барои пайдо кардани харидор шароит фароҳам созад, ба ҷои таъингардида бурдану овардани занони бадахлоқ аз хидматрасониҳоест, ки ронандаҳои такси анҷом медиҳанд ва бозори танфурӯширо гарм месозанд.”

Вазорати дохила дар идомаи гузоришаш мегӯяд: «Пӯшида нест, ки фоҳишагиву танфурӯшии бонувону духтарон амалест, ки номусу иффати ҷинси латифро доғдор месозад ва барои даст задан ба ин гуна шуғли беобрӯкунанда ягон чиз баҳона шуда наметавонад.”

Дар давоми ҳамагӣ чанд соати амалиёти «Ахлоқ” 35 зани аз 18 то 40-сола боздошт шуда, нисбат ба онҳо маводи маъмурӣ тартиб додаанд. Аз ин шумор 7 занро ба рӯйхати махсуси занони танфурӯши шӯъбачаи ҷиноятҳои ахлоқӣ ворид кардаанд.

Тибқи қонунгузории Тоҷикистон, танфурӯшӣ ҷиноят ҳисоб намешавад ва занҳое, ки бо гумони танфурӯшӣ дастгир мекунанд, маъмулан бо ягон ҷарима аз ҷавобгарӣ халос мешаванд. Аммо барои даллагӣ ва ташкили фоҳишахона дар қонунгузории Тоҷикистон ҳамчун муҷозот то 5 соли зиндон пешбинӣ шудааст.

Дар гузориш гуфта мешавад, ки занони танфурӯш ба сабаби пайваста иваз кардани мардони ҳамхобаашон ба бемориҳои сироятии ҷинсӣ мубтало гардида, дигаронро низ ба ин гуна бемориҳо гирифтор мекунанд.

БОЗОРИ ГАРМИ ЗАНҲОИ ТАНФУРӮШ ДАР ХУҶАНД

«Гуфтам-ку барои як соат 150 сомонӣ. Барои як шаб 400 сомонӣ. Агар розӣ набошӣ, маро аз зиндагиям намонон,« — мегӯяд танфурӯше дар маҳаллаи 31-уми шаҳри Хуҷанд ҳангоми «савдо» бо муштарии навбатӣ.

Ҷавонмарди дигар аз дискоклуб баромада ба касе занг зад ва гуфт, ӯ 140 сомонӣ мегӯяд, ин хеле қиммат аст.

Дар маҳаллаи 34 ва 31-уми шаҳри Хуҷанд тақрибан ҳар рӯз аз соати ҳафти бегоҳ ҳодисаҳои ба фарҳанги тоҷикона бегонаро сари қадам мушоҳида кардан мумкин аст. Чанд вақт ба ин сӯ танфурӯшон дар кӯча бо овози баланд нархҳояшонро ба харидоронашон мегӯянд. Мардуми раҳгузар аз рӯирост гаштани амали онҳо дар ҳайратанд.

Тавре мушоҳида кардем, аксари танфурӯшон дар лаб сигор дошта, дар дискоклубҳо пиво ва шароби зиёд истеъмол мекунанд ва баъд ба кӯча мебароянд. Харидорони онҳо дар қади кӯчаҳо бо танфурӯшон шартнома карда, онҳоро бо таксӣ ва мошинҳои шахсӣ мебаранд.

Байни танфурӯшон занҳои ниҳоят ҷавон низ ҳастанд, ки майзадаву парешонҳол дар қади кӯчаҳо ба назар мерасанд.

Бо Маҳина ном танфурӯш, ки хеле ҷавон аст, ҳамсӯҳбат гаштем. Гарчанде зиёд савол кардем, ки чаро ба чунин роҳ рафтааст ва чаро ҳаёташро доғдор сохтааст?, Маҳина посухе нагуфт. Аммо аз нигоҳ ва хомӯшии ин зани ҷавон маълум буд, ки ӯ аз роҳи интихобкардааш бисёр пушаймон аст. Байни дигар танфурӯшон Маҳина ҷавонтарин буд ва синни ӯ ҳатто ба 25 нарасидааст.

Азбаски танфурӯшон аз сӯҳбати рӯбарӯ худдорӣ мекардандмо аз як канор ба гуфтугӯи байни онҳогӯш додемЯке аз онҳоки хеле солманд ба назар мерасиду сархуш ҳам будба дигарӣ мегуфтки аздавраи ҷавониаш қариб 40 сол боз ба ин кор машғул астДуи дигарки ҷавонтар будандсобиқаашондар танфурӯширо якеаш 10 сол ва аз ҳама ҷавонаш ҳамагӣ 3 моҳ гуфт.

Табибон танфурӯширо дар баробари истеъмоли маводи мухаддир яке аз манбаҳои густаришибемории қаттоли СПИД меномандБино ба ҳисобҳото имрӯз дар Тоҷикистон тақрибан 8500 нафарба вируси ВИЧ – ангезандаи бемории СПИД гирифтор шудабеш аз 2000 нафар аз ин беморӣ ҷондодаандЯк бахши аъзами онҳо дар натиҷаи алоқаҳои берабти ҷинсӣ бо танфурӯшон ба ин маризиикушанда олуда шудаанд.

Мушоҳидаҳо нишон додандкиаксари харидорони танфурӯшон ҷавонон ҳастанд ва ин ба ҷомеаи 70 фисадаш ҷавон пайомади нохуш дорад.

Аз ташкилоти ҷамъиятии занони «Гулрухсор» гуфтандки онҳо ин амали ба фарҳанги тоҷиконағайрро маҳкум мекунандАз аввали соли 2017 то ҳол ба ин ташкилот дар маҷмӯъ 1200 нафар занон муроҷиат кардаанд. Ташкилоти занони «Гулрухсор» барои пош нахӯрдани оилаҳо ва дигар омилҳои номатлуб машваратҳои психологӣ медиҳад.

Бино ба омори расмии вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, ин вазорат дар соли 2016 дар кишвар 1991 зани танфурӯшро сабт кардааст. Аз ин шумори заноне, ки аз ҳисоби фоҳишагӣ барои худ асбоби зиндагӣ дуруст кардаанд, 9 нафараш ноболиғ, яъне зери синни 18, 1565 нафар аз 18 то 30-сола ва 417 тани дигар аз синни 30 боло будаанд.

Дар тӯли соли 2016 дар Тоҷикистон фаъолияти 288 фоҳишахона ошкор шудааст. Аз ин шумор 100 фоҳишахона дар вилояти Суғд, 98 фоҳишахона дар шаҳри Душанбе, 52 фоҳишахона дар вилояти Хатлон ва 38 фоҳишахонаи дигарро дар навоҳии тобеи марказ ошкор кардаанд.

Танфурӯшӣ дар Тоҷикистон ҷиноят ҳисоб намешавад ва занҳое, ки дар ҷараёни рейдҳо дастгир мешаванд, маъмулан бо ҷарима барои вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ халос мешаванд. Аммо қонунгузории Тоҷикистон барои даллагӣ ва ташкили фоҳишахона то 5 сол ҳукми зиндонро пешбинӣ мекунад. Бар асоси ин банди қонун, онҳое ки манзилашро ба фоҳишаҳо иҷора дода, «барои алоқаи ҷинсӣ шароит фароҳам меоранд”, низ метавонанд ба ташкили фоҳишахона айбдор шаванд ва ҷазо бигиранд.

Бознашр аз akhbor.com

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

5 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *