Ленин дар Истаравшан. Муъҷизаи фаромӯшшуда

Чанде қабл ба шаҳри Истаравшан гузорам афтоду ёди даврони ҷавонӣ кардам ва ба зиёрати ҳайкали Ленин рафтам. Ин ҳайкал яке аз муъҷизаҳои даврони Шӯравӣ аст. Вале аз он чӣ дидам, хеле малулу озурдахотир шудам…

Истаравшан худ осорхонаи зиндаи таърих ва шаҳри муъҷизаҳост. Ин шаҳри таърихӣ дар баробари фарзандони оламшумул, Қалъаи Муғ, мадрасаву масҷидҳо, биноҳои таърихӣ муъҷизаи дигаре дорад, ки имрӯз аксарият онро фаромӯш кардаанд. Ин муъҷиза яке аз калонтарин пайкараҳои Ленин дар ҷаҳон аст.

Ин нимпайкара миëнаи солҳои 1960-1970-и қарни гузашта аз ҷониби ҳайкалтароши Литва (мутаассифона, номи ҳайкалтарошро пайдо накардам), ки он замон дар шаҳри Хуҷанд зиндагӣ мекард, сохта шудааст. Дарозии дасти нимпайкара тақрибан се метр ва ангушонаш якметрӣ аст.

Мутаассифона, аксари сокинони шаҳри Истаравшан имрӯз дар бораи чӣ тавр қомат афрохтани ин нимпайкара маълумот надоранд. Аз чанд ҷавон пурсидам, беиттилоӣ карданд.

Нимпайкараи Ленин вақти ба истифода дода шудани обанбори «Зарринрӯд» (Каттасой) сохта шуда буд. Ҳамон солҳо 100-солагии доҳии пролетариат низ таҷлил мешуд.

Зинае, ки ба нимпайкара мерасонад, дарозтарин зина ба ҳисоб меравад. Нафароне, ки борҳо ба дидани ин ёдгории таърихӣ рафтаанд, миқдори зинаҳоро гуногун арзëбӣ мекунанд, яке онро 410, дигарӣ 420, савумӣ 390 мегӯяд. Мо низ вақти ба тамошои ин макон рафтан аз рӯйи кунҷкобӣ зинаҳоро ҳисоб кардем. Аз рӯйи ҳисоби мо то расидан ба назди Ленин 365 зинаро тай карадан лозим мешавад. Эҳтимол ин адад рамзӣ буда, 365 рӯзи солро ифода мекарда бошад.

Дар бораи нимпайкараи Ленин дар Истаравшан чанд сол қабл Михаил Ширвиндт дар барномаи «Хочу знатъ»-и Шабакаи аввали телевизиони Русия қисса карда, онро яке аз нимпайкараҳои бузурги ҷаҳон номида буд.

Қаблан ман ба тамошои ин маҳал борҳо омада будам. Аз замоне, ки нимпайкара қомат афрохт, то солҳои 2010 аксари навхонадорон (арӯсону домодҳо) барои сайру тамошо ба ин мавзеъ меомаданд. Суруду мусиқии шӯх танинандоз гашта, ҷавонон дар назди Ленин рақсу бозӣ мекарданд. Ин ҷо як макони хосе буд, ки ҳамеша дар он шодиву сурур дида мешуд. Вале ҳоло он ба гӯшаи фаромӯшӣ афтодааст. Ҳайкали Ленин пур аз навиштаҷот аст, майдони он валангору пур аз партов. Ҳол он ки, табиати зебову дилфиреби ин мавзеъ ва мавҷуд будани ёдгории таърихие чун нимпайкараи Ленин дар ин макон имкон фароҳам меорад, ки ҷалби сайëҳони хориҷӣ зиëд гардад, зеро афроде, ки орзуи дидани чунин муъҷизаҳоро доранд, хеле зиëданд.

Бинобар ин, аз МИҲД-и шаҳри Истаравшан хоҳиш менамоем, ки барои ободу зебо кардани ин маҳал ва тармими нимпайкараи Ленин муосидат кунанд. Хоҳему нахоҳем, Ленин ҷузъе аз таърихи мост. Дигар ин ки, ин нимпайкара асари беназири ҳунарӣ аст ва месазад, ки онро ҳифзу эҳтиёт кард.

Наҷмиддин ҶУМЪАЕВ, нафақагир, муаллими собиқадор

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *