Лейтенанти калон дар курсии айбдорӣ

Суди  вилояти Хатлон ба баррасии парвандаи марги Толибҷон Дӯстов, сокини 50-солаи ноҳияи Шаҳритус, шуруъ кард. Дар курсии айбдорӣ Маҳмадулло Идиев, лейтенанти калони Идораи корҳои дохилии ноҳияи Дӯстӣ (Ҷилликӯли собиқ) нишастааст. Алайҳи ӯ бар пояи моддаи 316 (қисми 3, банди “а”)-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон – “Баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ” – айб эълон шудааст.Масъулони Эътилофи зидди шиканҷа дар Тоҷикистон рӯзи 7-уми феврал дар баёнияе гуфтанд, марги Толибҷон Дӯстов тобистони соли гузашта, баъди боздошташ ба гумони даст доштан дар қочоқи маводи мухаддир дар яке аз тарабхонаҳои ноҳияи Шаҳритус рух додааст. Наздикони ӯ даъво доранд, ки Дӯстов дар пайи латту кӯби кормандони милиса ҷон додааст.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *