Сиёсати масҷид Имомхатибонро намозгузорон пешниҳод мекунанд, аммо…

 

 

Масҷид ҷои ибодат аст, вале….  

Дари масҷид ҳамеша кушода аст ва он ҷо, новобаста ба он ки вақти намоз аст ё не, одамонеро вохӯрдан мумкин аст, ки ба ибодат машғуланд.  Аксари онҳо мардони солхӯрдаанд ва ба хотири омурзиши гуноҳҳои худ намози нафл мехонанд ва ё қазоҳои худро адо мекунанд.  Яъне,   масҷид ҷойи ибодат аст, на тавре ки баъзеҳо мехоҳанд, ҷойи сиёсат ба маънои асосиаш. Аммо дар ин ҷо низ низоми муайяне ҳаст, ки ба он ҳар намозгузор бояд итоат кунад. Масалан, итоат ба имомхатиб. Имомхатиб, ки масъули масҷид аст, аз тартибот дар он оғоз намуда, то тарзи намозгузории қавми худро зери назорат мегирад. Яъне, намегузорад, ки дар масҷиди вобаста ба ӯ шеваи намозгузорӣ берун аз мазҳаб бошад. Чун ӯ бо ҳамин роҳ  иттифоқи намозгузоронро таъмин мекунад, хоҳ — нохоҳ вобастаи сиёсат аст. Сиёсате, ки дар “қаламрави” ӯ  амал мекунад, ин сиёсати танҳо хос ба диндории пайравонаш аст ва ҳаргиз ба сиёсати давлату давлатдорӣ набояд олуда гардад. Вагарна, тавре ки тайи солҳои Истиқлолияти давлатӣ шоҳид гардидем, чунин сиёсат олуда ба хун хоҳад буд. Ҳол он ки хуну хунрезиро ислом ҳаром донистааст. Пас, интихоби роҳбари масҷид, яъне имомхатиб низ як рукни бисёр муҳим дар сиёсати масҷид аст.

Имомхатибонро  интихоб мекунад ё таъин?

Ба ин савол раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Давлатзода мегӯяд: “ Интихоби имомхатибон бо пешниҳоди иттиҳодияҳои динӣ, яъне намозгузорони масҷидҳо сурат гирифта , минбаъд онҳо аз  аттестатсияи касбӣ мегузаранд. Дар ҳолати доштани дониши кофӣ ва мутобиқ будан ба ин касб, метавонанд, ки фаъолияти худро ҳамчун имомхатиб идома диҳанд”Саволи дигаре,ки аксар вақт хонандагони “Тоҷикистон” медиҳанд, ин вобаста ба  аз сари кор дур кардани “имомҳои бегона”  аст. Яъне, чаро имомхатибони дар берун аз кишвар таҳсилнамуда аз сари кор дур карда шуданд? “Касе каси дигарро аз сари кор дур накардааст, балки гап сари он меравад, ки дипломи онҳоро Вазорати мариф ва илми кишвар мисли дигар дипломҳои аз хориҷа гирифташуда эътироф мекунад ё на? Ҳол он ки худамон Донишкадаи исломӣ дорем ва ҳоло дар он зиёда аз 1000 нафар донишҷӯён, тибқи мазҳаби  мардуми худамон, яъне мазҳаби ҳанафӣ таҳсил мекунанд”. Тавре ки баъдан иттилоъ дода шуд, ду-се сол пеш қариб 4 ҳазор нафар донишҷӯёни тоҷик дар хориҷа илми фиқҳ меомӯхтанд.(Аз рӯи кадом равия , инаш саволи дигар аст.) Бо кӯшиши  мақомот  зиёда аз 3300 нафари онҳо ба Ватан баргардонида шуданд,ки як қисмашон (88 нафар) дубора ба ҷои таҳсили пешинаи худ баргаштанд ва ҳоло дар он ҷо зиёда аз 400 нафар ба таври ғайрирасмӣ таҳсил доранд. Аслан гирем, вақте ки дар кишвари худ манбаи тайёр кардани кадрҳои динӣ вуҷуд дорад ва кадрҳои тайёрнамудаамон аз будаш ҳам зиёд аст, чаро такя ба хориҷа кунем? Магар падару бобоёнамон,ки дар замони атеизм (бединӣ)-и шӯравӣ зиндагӣ карданду  дини мубини  исломро то ба мо расониданд, дар хориҷа таҳсил карда буданд? Ё дар он ҷо Қуръони дигарро  меомӯзанд? Албатта, ин Китоби муқаддас барои ҳамаи мусулмонон як аст ва ҳамаи он  чизе, ки бояд риоя кунему иҷро намоем, аз ҳамон ҷо сарчашма мегирад.

Масҷиди набударо намебанданд

Суоли дигаре,ки вобаста ба масҷиду  имомхатибон аст, ин аст, ки чаро дар давоми сол зиёда аз 1700 масҷид баста шуд? Тавре ки Давлатзода мегӯяд, ин масҷидҳо ба маънои аслиаш ҳаргиз масҷид набуданд ва ба таври расмӣ низ чун масҷид сабти ном нагардидаанд. Бинобар ин, онҳо аз ҷониби мақомоти маҳаллӣ барои дигар корҳо истифода шуда истодаанд. Агар масҷид, воқеан ҳам, дар асоси қонунҳои амалкунанда сабти ном гардида бошад, ҳаргиз дари он ба рӯи намозгузорон баста нахоҳад шуд. Ҳоло низ баъзе аз масоҷид,ки қаблан барои  расмӣ кунонидани ҳуҷҷатҳои худ вақт талабида буданд, бо тайёр кардани ҳуҷҷатҳои зарурӣ метавонанд ба фаъолияти худ идома диҳанд.Масҷид низ як рукн, як сохтори ҷомеаи имрӯза аст ва бояд дар асоси қонунҳои амалкунанда фаъолият намояд.

Хоҷа боғ дорӣ? Дорам!

 

Сулаймон Давлатзода  дар вақти ҳамсуҳбат шудан бо рӯзноманигорон дар паҳлуи худ муовинонаш  ва роҳбари Шӯрои уламои Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзодаро   бо худ гирифта буд. Вале домуллои муҳтарам на ба суҳбатҳо ҳамроҳ гардиду на ба ягон савол ҷавоб гуфт. Шояд барои боз ҳам дурусттар фаҳмидани ҳаёти динии мусулмонони Тоҷикистон (дар Кумитаи оид ба корҳои дин ба ғайр аз мусулмонон боз 67 ташкилоти динии ғайримусулмонӣ ба қайд гирифта  шудаанд) Шӯрои уламо нишасти матбуотии алоҳидаи  худро баргузор намояд, ва  ин мувофиқи мақсад мебуд? Масалан, мехостем фаҳмем, ки чаро дар масҷидҳо (ҳатто масҷидҳои панҷвақта, ки дар онҳо ҳамагӣ 30-40 нафар намоз мехонанд)  бо маблағи намозгузорон асбобҳои бехатарӣ, (металлоискател) харидорӣ шуданд ва дар баъзе аз масоҷиди ҷомеъ он гӯё фаъол ҳам ҳаст, аммо ба фарёдҳои ин асбобҳо касе гӯш намедиҳад ва ин танҳо ба хотири чашмбандӣ насб шудааст? Шукри Худо, дар мулки мо сулҳу салоҳ ҳукмфармост ва магар шарт буд,ки чунин маблағи калонро сарф кунию он бекор хобад? Беҳтар набуд, ки   ин маблағҳоро ба ягон сағирхона ва ё шахсони муҳтоҷ медоданд? Ё ҳоло ҳам дер накарда ва ин асбобҳо куҳна нашуда,  онҳоро ба ягон сохторе,ки ба он зарурат дорад, фурӯхта мабалағашро ба эҳтиёҷмандон ва ё барои ободии худи масҷид сарф кунанд? Ё мисли мақоли “Хоҷа боғ дорӣ? Дорам!” —  гӯён ин боғи беҳосилро дар ягон гӯшаи масҷид барои рӯзи мабодо захира кунанд?  Ростӣ, намедонам ин саволҳою  “ё “ — ҳои худро  ба кадоме аз ин сохторҳо диҳам ва   ҷавоби қаноатбахш гирам…

А.АҲМАДЗОДА,                       

“Тоҷикистон”

Врезка: Магар падару бобоёнамон,ки дар замони атеизм (бединӣ)-и шӯравӣ зиндагӣ карданду  дини мубини  исломро то ба мо расониданд, дар хориҷа таҳсил карда буданд? Ё дар он ҷо Қуръони дигарро  меомӯзанд

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *