Лифти пулакӣ дар Хуҷанд

Корбари  шабакаи иҷтимоии Фейсбук Имоммуҳаммад Ғоибов дар саҳифаи худ аз пулакӣ будани лифт дар Беморхонаи вилоятии вилоятии Суғд, воқеъ дар шаҳри Хуҷанд изҳори нигаронӣ мекунад.

Ба гуфти ин шаҳрванд, дар беморхонаи номбурда аз беморон ва афроде, ки барои хабаргирии беморон меоянд, барои истифода аз лифт пул ситонида мешавад.

И. Ғоибов менависад: «Дар ягон ҷой надидам, ки лифт пулакӣ бошад, он ҳам лифти беморхонаи вилоятӣ (Хуҷанд). Шарм надошта, 30 дирамӣ аз ҳар бемору хабаргирҳои беморҳо, кампирону мӯйсафедон мегиранд.

Хеле зишту бенур!

Пули табобата бемор медиҳад, охир боз наход фаромада баромаданашам пулакӣ бошад-а?!»

Ба гуфти Ғоибов ва дигар истифодабарандагон, ин амал ба як намуди «бизнес» дар ин беморхона табдил ёфтааст. Аз ин пештар шаҳрвандон  дар бораи иҷборан фурӯхтани «бахила» дар беморхонаҳо шиква мекарданд.

Гап дар сари он аст, ки бемор барои табобат ва будубош дар беморхона маблағ пардохт мекунад. 10 сӯм 20  сӯми ба кисаи духтурону ҳамшираҳо меандохта ҳисоб надорад. Боз дар кадом асос барои лифт пул меситонанд? Раёсати тандурустии вилояти Суғд, маъмурияти беморхонаи вилоятӣ ва дигар масъулон пулакӣ будани лифтро чӣ гуна шарҳ медода бошанд? Редаксия мунтазири  посух ба нигаронии шаҳрвандон аст.

 

Аз идора: Ин матлаб ҳафтаи гузошта омодаи нашр буд. Аммо ҳамон рӯз хабар омад, ки масъулин лифти ин беморхонаро ройгон кардаанд. Аммо тӯли ҳафта хонандагон занг зада хабар доданд, ки роҳбарияти беморхонаи вилоятӣ аз «ҳилаи шаръӣ» истифода карда, гӯё барои беморон ройгон ва барои хабаргирандагону мизоҷон ҳамоно пулакист. Бинобар ин зарурати чопи онро ҷоиз донистем.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *