Назокати Сафар — Тоҷикистон

Ошиқӣ  

Ахтари толеъи ман, дар осмон ҷӯям туро,

Нестӣ дар осмон дар ин ҷаҳон ҷӯям туро.

Рафтаӣ мулки дигар бо ҳамнишинӣ бо рақиб,

Шамъи  маҳфил аз миёни одамон ҷӯям туро.

Рӯҳи хушпарвози хушнозам биёяд пеши ту,

Фурсатам кай медиҳӣ то ёри ҷон гӯям туро.

Ях намуд афсунгарӣ бо сардиҳояш синаам,

Нури меҳру  шафақато, хуршедсон ҷӯям туро.

Эй Назокат, во расида тирамоҳи умри ман,

Эй баҳори ошиқӣ, айни хазон ҷӯям туро.

***

Фиреб  

Дунё пур аз фиреб аст,

Мардум ба кунҷи зиндон.

Будам фариштае кош,

Дар назди пок Яздон.

 

Дунёи дил чӣ рангин,

Бошад ба ёди ҷонон.

Лабташна мардум акнун,

Аз гармии биёбон.

 

Дар сардии замистон,

Гуфтӣ манам фидоят.

Аз гармии муҳаббат,

Ҳарфе задам бароят.

 

Гуфтам баҳор омад,

Шодам, ки растам аз ғам.

Аммо чу ашки марҷон,

Резад ба доманам ғам.

 

Боз о, ки мардум аз ғам,

Ҳасрат ба лаб ниҳодам.

Бастам дари диламро,

Байтулҳазан кушодам.

نزاکت صفر- تاجیکستان

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *