Дар пойтахти Русия, шаҳри Маскав дар пайи канда шудани лифти сохтмонӣ аз ошёнаи 19-ум 5 нафар ба ҳалокат расидаанд.  Иззат Амон, Раиси Иттиҳодияи ҷавонони Тоҷикистон дар Русия ба хабарнигори Tajikistan times.com  иттилоъ дод, ки миёни ҳалокшудагон як нафар тоҷик низ будааст.  Марҳум Ниёзов Сарахон Аскарович, соли таваллудаш 1973, сокини кӯчаи Куйбишеви шаҳри Кӯлоб буда, интиқоли ҷасади ин шаҳрванди Тоҷикистон ба ватан сурат гирифтааст.
Бино ба иттилои расонаҳои русӣ, ин нохушӣ соати 12:00-и нисфирӯзии дар кӯчаи Шенгон рух дода, дар пайи он дар баробари шаҳрванди 43-солаи Тоҷикистон чор нафари дигар — шаҳрвандони Русия, Белорусия ва Украина ба ҳалокат расидаанд. Наздиконаш аз даргузашти Сарахони 43- сола бохабар гашта,  тобути оҳании ӯро аз фурудгоҳ ба зодгоҳаш, шаҳри Кӯлоб бурданд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

5 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *