Лигаи футзал Ҷоми Тоҷикистонро баргузор мекунад
Лигаи футзали Тоҷикистон дар нақша дорад, ки Ҷоми Тоҷикистон-2022-ро баргузор кунад. Ин мусобиқа 5-уми октябр оғоз хоҳад шуд.
Ба ғайр аз дастаҳои Суперлигаи футзали Тоҷикистон дигар дастаҳои ҳаваскор низ метавонанд дар Ҷоми футзали Тоҷикистон ширкат кунанд. Ҷоизаи мусобиқа 10 ҳазор сомонӣ муайян шудааст, ки барои дастаи ғолиб 7 ҳазор сомонӣ ва дастаи ҷойи дуюм 3 ҳазор сомонӣ дода мешавад.
Дар Суперлигаи футзали Тоҷикистон бозиҳо ҳанўз ба анҷом нарасидаанд. Бо далели ширкати дастаи мунтахаб дар Ҷоми Осиё дар чемпионат танаффус эълон шудааст. Ҳоло дастаҳо 13 давр бозӣ кардаанд. Дар ин мавсим дар мусобиқа дастаҳои «Соро компания», «Истиқлол», «Пойтахт», КМВА (ҳама аз Душанбе), «Сипар» (Хуҷанд), «Истаравшан» (Истаравшан), «Равшан» (Кўлоб), «Самандар» (Турсунзода) ширкат доранд.
Баъд аз 13 давр дастаи «Истиқлол» бо 32 имтиёз дар ҷойи аввал аст. Зинаҳои дуюму сеюмро бо 31 имтиёз «Сипар» ва «Соро компания» соҳиб шудаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ