толеънома

Толеъномаи 3-юми октябри соли 2022

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Корҳоятон чунон зиёд мешаванд, ки ба зудӣ аз уҳдааш баромада наметавонед. Маҳз дар чунин лаҳзаҳои душвор аз атрофиён кумак пурсида, кори худро сабук кунед. Касе ба шумо ҷавоби рад намедиҳад. Баъдан, ба нафароне, ки кумаки холисонаи худро мерасонанд, изҳори миннатдорӣ карданро фаромӯш насозед.

Савр (21 апрел-22 май)

Айни замон корҳои нотамоми худро ба анҷом расонеду кори дигарро оғоз накунед. Он чизеро, ки бароятон қадру қиммат надорад, кӯшиши пос доштанашро накунед. Барои рушд додани муносибатҳои ошиқона вақти мусоид нест, зеро муноқишаву фиреб ва дигар нофаҳмиҳо имкон доранд.

Ҷавзо (23 май-21 июн)

Шумо нафареро, ки дар зиндагиятон нақши хоса дорад, сахт ранҷонидаед. Акнун аз чӣ гуна ранг гирифтани вазъият азоби виҷдон мекашед. Барои нафароне, ки тиҷорати шахсии худро сар кардан мехоҳанд, рӯзи бобарор аст. Ба он чизе, ки ба шумо ваъда мекунанд, боэҳтиёт назар кунед.

Саратон (22 июн-22 июл)

Дар ин рӯз аз ҷониби нафаре, ки сидқан дӯсташ медоред, беилтифотиву муносибати сард эҳсос мекунед. Эҳтимол ҳавои тирамоҳӣ ба табъи ёратон таъсир мерасонад. Рафту ба ҷои ҳамкори беморатон кор карданӣ шавед, аз сидқи дил меҳнат кунед.

Асад (23 июл-23 август)

Диққати худро ба корҳое равона созед, ки рафъ карданаш осон бошад, ба корҳои дигар диққат надиҳед. Аз нафароне, ки табъи дилатон нестанду ҳамкорӣ надоред, худро дур гиред. Дар ин рӯз нафарони бадкору бадкирдор нисбати шумо таваҷҷуҳи зиёд пайдо мекунанд.

Сунбула (24 август-23 сентябр)

На ҳамаи ақидаҳои шумо аз ҷониби атрофиён дастгирӣ меёбанд. Ин ҳолат боиси қаҳру ғазаби шумо мегардад. Барои харид кардану мулоқоти ошиқона ва сафарҳо рӯзи бебарор аст, аз ин рӯ, беҳтараш аз ин корҳо худдорӣ намоед. Эҳтимоли хурӯҷ намудани бемориҳои музмин зиёд аст.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Дар ин рӯз аз касе кумаку дастгирӣ напурсед, зеро мустақилона аз уҳдаи ҳама кор баромада метавонед. Беҳтарин лаҳзаҳои умрро бо шахси дӯстдоштаатон мегузаронед. Шиносоии нав табъатонро болида мегардонад. Баъди нисфирӯзӣ камбудиҳои молиявӣ дар назар аст, ки зуд рафъ месозед.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Дар ин рӯз аз ҷойҳои серодам дурӣ ҷӯед, вагарна дучори дағалӣ ва ҳатто дуздӣ шуданатон имкон дорад. Барои он ки бо наздикони худ муноқиша накунед, беҳтараш аз робита бо эшон дурӣ ҷӯед. Хоҳед, ки пурхӯрӣ сабаби бемории меъда нагардад, баъди нисфирӯзӣ хӯрокҳои равғанину вазнин истеъмол накунед.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Дар ин рӯз аз тағйирот наҳаросед. Кореро, ки аз уҳдааш намебароед, иҷро карданашро ваъда надиҳед, вагарна обрӯву нуфузи худро мерезонед. Беҳтараш диққати худро ба нафаре равона созед, ки барои хушҳолии шумо ҷонашро фидо месозад. Агар реҷаи хӯрокхӯрии худ ва истироҳатро риоя накунед, саломатиятон нохуб мегардад.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Дар ин рӯз ба ваъдаҳои осмонии нафароне, ки хуб намешиносед, бовар накунед. Ақли солимро ба кор бурда, ба ваъдаи ба даст овардани пули муфт дода нашавед. Нафаре изҳори муҳаббат мекунад, ки шумо низ нисбаташ бетафовут нестед. Баъди нисфирӯзӣ ба меҳмонӣ даъватӣ мегардед.

Далв (21 январ-20 феврал)

Дар ин рӯз ҳуқуқҳои худро ҳатто дар назди нафаре, ки дӯсташ медоред, дифоъ карданатон лозим меояд. Аз чунин ранг гирифтани вазъият табъатон хира мегардад. Барои худ шуғлеро пайдо намоед, ки фикрҳои мағшушро аз саратон дур карда тавонад. Бо корҳои вазнини ҷисмонӣ машғул шуданро тавсия намедиҳем.

Ҳут (21 феврал-20 март)

Ҳар кореро, ки имрӯз ба нақша мегиред, аз сидқи дил иҷро кунед, вале агар ба роҳи макру фиреб равед, ба ғалат роҳ медиҳед. Ҳангоми ба мағозаву бозор рафтан бо худ пули калон нагиред. Дар ин рӯз эҳтимол моли бесифатро харидорӣ мекунед. Баъди нисфирӯзӣ мулоқоти ошиқона дар назар аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *