Лимӯи Дарвозда биё, бача!   афсона не, ҳақиқат…

Дар минтақаи  аз ҳама гармтарин ва иқлими ба водии Вахш ва минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон шабеҳдоштаи Бадахшон — ноҳияи Дарвоз ба лимупарварӣ машғул шудан  барои натанҳо деҳқонон, балки  кулли аҳолии деҳот, ҳатто сокинони маркази ноҳия — шаҳраки Қалъаи Хумб низ  фоидаи калоне меорад,- гуфт дар суҳбат собиқ раиси ноҳияи Дарвоз ва вазири кишоварзии ҷумҳурӣ Ҳайдаршоҳ Акбаров.

Ӯ гуфт, ки лимӯпарварӣ, ин соҳаи  камхарҷи сердаромад  дар ноҳияи Дарвоз аз миёнаҳои солҳои ҳаштодуми қарни гузашта оғоз гашта буд. Он вақт дар канори заминҳои дашти Роғаки совхози ба номи Фучик, ки тариқи пойгоҳҳои обкашӣ аз дарёи Панҷ обёрӣ мегашт,  қариб 60 лимӯхона бунёд гашта буд.  То соли 1990 ба миқдори зиёде меваҳои ситрусӣ истеҳсол мешуд, ки  як қисмаш ба   шаҳри Хоруғ ва навоҳии дигари дуру наздики Бадахшон, ҳатто ноҳияҳои баландкӯҳ ва дурдасти Ишкошим ва Мурғоб низ  ворид мегашт. Он вақт шоҳроҳи  байналхалқии автомобилгарди Душанбе-Кӯлоб- Дарвоз- Хоруғ- Мурғоб- Қулма кушода нашуда буд. Аз ҳамин сабаб аз вилоятҳои он вақтҳо Қӯрғонтеппа ва Кӯлоб кашонида овардани лимӯ ба Бадахшон  ҳамасола давом дошт.

   Мутаассифона, дар солҳои муноқишаҳои бемаънии шаҳрвандӣ ба соҳаи лимӯпарварӣ дар Дарвоз хати батлон кашида шуд, зеро аз камчинӣ ва қиматшавии сӯзишворӣ пойгоҳҳои обкашии дизелӣ аз кор монданд. Хушбахтона, танҳо дар солҳои истиқлолияти давлатии кишвар деҳқонони дарвозӣ чунин шароит ва имконияте пайд намуданд, ки аз соли 1998 инҷониб аз сари нав ба соҳаи лимӯпарварӣ рӯй оваранд. Дар яке аз сафарҳои кории худ ба ноҳияи Дарвоз Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон диққати роҳбарони ноҳия ва мутахассисон ва кишоварзонро ба  эҳёи лимӯпарварӣ,  ин соҳаи фоидаовару каммасраф равона намуд.

Рушди ин самти афзалиятнок аз ҷониби  Ҳукумати кишвар, Вазорати кишоварзӣ ва мақомотҳои иҷроияи маҳаллии ҳокимиятҳои давлатии вилоят ва ноҳияи Дарвоз дастгирӣ ёфт. Ҳоло дар дашти Роғак ва боз ҳашт деҳаи қисмати поёнии Дарвоз аҳли деҳот аз сари нав ба  ситруспарварӣ сару кор гирифтаанд. Аммо мутаассифона, бо вуҷуди андешидани тадбирҳои зиёд аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия  Дарвоз лимӯпарварӣ дар  ин минтақаи барои ситруспарварӣ  басе ҳам мусоид  ҷойгоҳи устувори хешро пайдо накардааст.

Ҷавонони дарвозӣ аз  бекорӣ чӣ кор кунанд?

   Мавриди зикр аст, ки дар ин минтақаи дорои иқлим ва боду ҳавои гарм барои лимӯпарварӣ аз ҳамаи шароит ва имкониятҳо самаранок истифода  набурда истодаанд. Дар ҳоле  ки бисёр  ҷавонон, натанҳо дар маркази ноҳия, балки дар деҳот низ бекор мебошанд, ба ин самти афзалиятноки соҳаи кишоварзӣ, ки  сарфи маблағ ва воситаҳои зиёдеро талаб намекунад, машғул шудан   айни муддао мебошад.

  -Ба хотири ба лимӯпарварӣ ба таври ҷиддӣ шуғл варзидан  майдони кишти зиёде ҳам лозим нест, — мегӯяд мутахассиси соҳа Ҳайдаршо Акбаров. Барои ин амал  001  ҳиссаи замин, бигузор санглох бошад ҳам, кифоя мебошад. Дар ин миқдор қитъачаи замин  ё чакалакзори хурдакаки назди ҳавлӣ то 40-50 адад буттаҳои лимӯ  бемалол меғунҷад. Инчунин, ҳамагӣ 8-10 дона арматура,  1-2 халта семент, чанд метр   матои полиэтиленӣ харидан, каме бо санг  девори пастакак ҳамчун ҳота намудан лозим меояду бас. Зарур ба ёдоварист, ки тайи солҳои охир бо дастгириҳои ҳамаҷонибаи  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ёвону вилояти Суғд ва дигар минтақаҳои мамлакат корхонаҳои истеҳсоли семент ва арматура ба кор дароварда шудаанд ва қимати ин навъи маводҳои сохтмонӣ он қадар ҳам баланд нест.

Буттаҳои лимӯро чун солҳои қарни гузашта аз   Кӯлобу Қӯрғонтеппа ва дигар минтақаҳои кишвар   дастрас кардан ва ба Дарвоз овардан ҳам  зарурият надорад.  Зеро дар минтақаи илмӣ-таҷрибавии  саҳроии Дашти Роғаки Институти биологии Помир даҳҳо намудҳои лимӯ ва дигар анвои рустаниҳои субтропикирро бо осонӣ пайдо кардан ва бо арзиши  камтарин ҳам харидорӣ кардан мумкин аст. Кормандони  маркази илмӣ- тадқиқотӣ бо роҳбарии  доктори илмҳои биологӣ Амиршоҳ Маҳрамов ба деҳқонон кумаки ройгон низ расонида, доир ба парвариши  лимӯ ва дигар намудҳои меваҳои ситрусӣ дастурҳои судбахше ҳам дода метавонанд.

      Ҳамсуҳбатам илова карданд, ки то  ба ҳосилдиҳӣ сар кардани ниҳолчаҳои  лимӯ дар гармхонаҳо миёни қаторҳо помидор, бодиринг ва дигар  намудҳои сабзавот ҳам кишт кардан айни муддао  мебошад. Баъди ба ҳосилбандӣ оғоз кардани   ниҳолҳо чунин имконияте ҳаст, ки ситруспарварон аз ҳар як бутта то 150-250 дона лимӯ ва аз ин ҳам зиёд ба даст биоранд.  Ҳамин гуна, ба рушди соҳаи лимӯпарварӣ дар қисматҳои поёнии ноҳияи Дарвоз аз Яхчисору Зиғар, Ёгеду Кеврону Ҷорф сар карда, то Курговаду Пошхарв ва то ҳатто рустоҳои Даштак, Лугад, Бунига ва   Баравни ҷамоати деҳоти Ванҷ  сокинони ин диёр  машғул шуда метавонанд.  Аз ҳама муҳимаш, агар аз 1 гектар картошка ва сабзавот ба ҳисоби миёна дар ин мулкҳои кӯчаки камзамини кӯҳистон   30-35 ҳазор сомонӣ ба даст биояд,  ин маблағро аз 0,10 ҳиссаи замини ва ё гармхонаи  лимӯ  ба даст  овардан  мумкин аст.

      Фикру андешаҳои корошиноси соҳаи кишоварзӣ  Ҳайдаршоҳ Акбаров дар ҳақиқат хеле асоснок ва ҷолиби диққат мебошанд. Аз ин лиҳоз  хеле зарур аст, ки ба ин самти афзалиятнок дар ноҳияи Дарвоз ва минтақаҳои поёнии ноҳияи Ванҷ хурду калон дастҷамъона машғул шаванд. Лаҳзае ҳам набояд фаромушт кард, ки Асосгузор сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ривоҷу равнақ додани соҳаҳои афзалиятнок — замбӯриасалпарварӣ, мурғимарҷонпарварӣ, умуман, паррандапарварӣ боғдорӣ, истеҳсоли мева ва аз он ҷумла чормағзро дар минтақаҳои гуногуни  кишвар, аз ҷумла шаҳру навоҳии Бадахшон баҳри иҷрои  барномаи стратегии таъмини амнияти озуқаворӣ хеле муҳим ва фоидаовар  арзёбӣ менамоянд. Рушди ин соҳаҳои афзалиятнок дар ободии деҳоти кӯҳистон ва баландшавии дараҷаи зиндагонии аҳолӣ нақши муҳиме мебозад.

 Сироншоҳи Диловар,

махсус барои «Тоҷикистон» аз ноҳияи Дарвоз

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *