Дар Тоҷикистон мансабдорон ба супоридани фитр вазифадор шуданд

Дар Тоҷикистон мансабдорон ва тоҷирон дастури расмӣ гирифтаанд, ки фитри рӯзаашонро бар асоси рӯйхати махсус ба оилаҳои камбизоат, ятимону барҷомондаҳо ва бепарасторон супурда, аз натиҷааш ба Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон гузориш диҳанд.

Тибқи дастури раиси Дастгоҳи президент, ҷараёни супурдани садақаи фитри мансабдорону имомхатибон ва соҳибкоронро Кумитаи дин ва танзими анъана низ назорат хоҳад кард.

Дар барқияе бо имзои Раҳмон Озода Эмомалӣ, раиси Дастгоҳи иҷроияи президент, ба раҳбарони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, ҷамоатҳо, имом-хатибон ва соҳибкорони кишвар гуфта шудааст, ки ин амр бо дастури раисиҷумҳури Тоҷикистон сурат мегирад. Мансабдорону имом-хатибон ва соҳибкорон, инчунин, муваззаф шудаанд, рӯйхати аъзои оила ва чӣ қадар садақаи фитр доданашонро бо имзои худ ба дастгоҳ фиристанд.

Иди Фитр дар Тоҷикистон имсол 6 июл таҷлил мешавад. Шумори хизматчиёни давлатӣ дар Тоҷикистон ба бештар аз 18 ҳазор мерасад, шумори имом-хатибон бошад, то 4 ҳазор нафар унвон мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *