Лимити барқ. Ба доди мардуми бечора кӣ мерасад?

Ба таваҷҷуҳи раиси “Барқи тоҷик” Муҳаммадумар Асозода

Чанд рӯз қабл дугонаам маро ба туйи арӯсиаш ба шаҳри Панҷакент хабар кард. Сардии ҳаворо нигоҳ накарда, ба роҳ баромадам, зеро “элак баҳона, дидор ғанимат” гуфтагӣ барин, ба баҳонаи тӯй шаҳри Панҷакентро тамошо ва мақбараи устод Рӯдакиву Мазори Шарифро зиёрат кардан хостам, вале афсӯс…

Роҳи тӯлонии ағбаро дар ин рӯзҳои сарду пурбарф бо азоб мегузаштем. Ҳар замон занги телефони ҳамраҳам садо медоду соҳибхона ба куҷо расиданамонро пурсон мешуд. Вақте аз деҳаи Рукнобод мегузаштем, аллакай торик шуда буд. Билохира, ба деҳаи Кулолии ҷамоати деҳоти Рӯдакӣ расидем. Дурии роҳ хеле кӯфтаамон карда буд. Соҳибхона моро пешвоз гирифту ҳар замон ба ҳамроҳонаш гӯшрас мекард: “Зуд меҳмонҳоро ҷой кунед, ки барқ хомӯш мешавад. Хӯрокро биёред, ки то светмурӣ 20 дақиқаи дигар монд…”.

— Ҳоло зимистон надаромада, чаро барқ хомӯш мешавад?,- пурсидам аз соҳибхона.

— Э напурс, ҳамагӣ ду соат барқ дорему халос,- гуфт ӯ бо хуни ҷигар.

Ман ин ҳолати ӯро дарк мекунам, зеро дар бебарқӣ тӯй кардан хеле душвор аст.

Воқеан, вақти хӯрокхӯрӣ барқ хомӯш шуд. Ману ҳамроҳони душанбегӣ чароғи телефонҳоямонро равшан кардем.

— Чароғи телефонатонро кушед, заряди телефонатон тамом шавад, чӣ кор мекунед?,- гуфт нафаре, ки шамъҳоро равшан мекард.

Бебарқӣ ҳам монеи меҳмоннавозии мардуми деҳот нашуд. Дар равшании шамъҳо хӯрок хӯрда, суҳбат оростем. Баъдан, моро ба хонаи хоб роҳнамоӣ карданд. Соҳибхонаи бечора ҳар лаҳза ҳезуму ангишт оварда, бухориро метафсонд.

Ҳамин лаҳза писарбачае аз утоқи дигар берун омаду ба модараш гуфт:

— Оча, шамъ сӯхта тамом шуд. Шамъи нав гирон кунед, дарсҳоямро ҳоло пурра тайёр накардаам…

— Номат чист?,- пурсидам аз он писарак, ки тақрибан 10-сола буд.

— Номам Дилшод.

— Аз набудани барқ азоб мекашед-а?,- боз савол додам.

— Ҳа. Дар як шабонарӯз 2 соат барқ медиҳанду халос. Ман чи хел дарсҳоямро тайёр мекунам, охир пагоҳ дарс, муаллима боз ҷанг мекунад…

Пас аз лаҳзае ба ҳавои тоза баромада, азоби занҳои деҳотро бештар дидам. Бечораҳо дар равшании оташдон дар деги калоне об монда, дар торикӣ табақу косаи маъракаро мешустанд.

Ростӣ, аз он ки ба тӯй омадам, шармам омад. Хаёл мекардам, ки дар ин бебарқӣ ин ҳама мардумро дар азоб монондам.

Мушкили бебарқӣ дар дигар деҳаҳои Панҷакент, ки меҳмон шудем, мардумро дар азоб мондааст. Барои мисол, вақте дар деҳаи Марғедар будам, бо як нафар муаллимаи забони русӣ ҳамсуҳбат шудам.

— Бечора мардуми мо пуртоқат ҳастанд. Дар хона ку як бало мекунем, вале як маротиба ба мактаб омада аҳволи кӯдаконро бинед, ки дар ин сардии ҳаво чӣ ҳол доранд…

Зани дигар, ки Дилангез ном дорад, суҳбати муаллимаро идома дод:

— 4 фарзанди хурдсол дорам. Шавҳарам дар муҳоҷирати меҳнатӣ. Бебарқӣ моро хеле нороҳат мекунад. Пули шавҳари бечораам ба харидани ангишту ҳезум сарф мешавад. Ҳозир ангишт ҳам қиммат шуд. Вале ба доди мо кӣ мерасад?

Воқеан, ба доди ин мардуми бечора кӣ мерасад?

Шояд роҳбарияти “Барқи тоҷик” мушкили набудани барқро дар саросари кишвар шарҳ медиҳад?

Уғулой ҚУТБИДДИНЗОДА, “Тоҷикистон”

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *