Бохтар: Таваҷҷуҳ ба солимии наврасон бештар мешавад

Варзишгарони шаҳри Бохтар давоми даҳ моҳи соли равон дар 41 мусобиқаи ҷумҳуриявию байналмилалӣ иштирок намуда, дар умум 181 медал ба даст овардаанд.

Рухшонаи Шералӣ, мудири бахши ҷавонон ва варзиш дар шаҳри Бохтар ба Pressa.tj гуфт, ки варзишгарон аз иштирок дар мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ 71 медали тилло, 59 нуқра ва 51 медали биринҷиро соҳиб шудаанд. Ӯ мегӯяд, умед аст, ки дар оянда барои бештар кардани дастовардҳо варзишгарон талош хоҳанд кард.

— Ҳоло дар шаҳри Бохтар ба хотири рушди бештари варзиш 3 варзишгоҳ, як мактаби варзишӣ, 32 толори варзишӣ, 95 майдончаи варзишӣ, аз ҷумла 18 майдончаи футболи хурд ва 2 майдони теннис мавҷуд аст. Давоми сол барои зиёд кардани шавқи ҷавонону наврасон ба варзиш ва солимии онҳо 217 мусобиқаи гуногуни варзишӣ ва машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида шудааст. Боз дар оянда барои ба тарзи ҳаёти солим ҷалб кардани онҳо баргузории мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ дар назар аст,- афзуд ӯ.

Машраби АЛОВИДДИН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *