16 соли наттоқӣ. Рухшона Солеҳова кист?

Рухшона Солеҳова яке аз собиқадорони Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» мебошад. Ӯ аз аввали таъсисёбии телевизион ҳамчун ровии барномаи иттилоотии «Навид» ба фаъолият оғоз кард.

Номбурда аз соли 2005 то 2020, яъне расо 15 сол наттоқ буд ва ҳоло аз худ ҳамчун журналист дарак медиҳад, чунки барномаи муаллифии худро бо номи «Ганҷи бебаҳо» роҳандозӣ кардааст.

Хати тақдири қисми зиёди духтаракони қадраси тоҷик, ки то ва баъди ҷанги шаҳрвандӣ мактаби миёнаро хатм кардаанд, якранг аст. Яъне, барои давоми таҳсил дар мактаби олӣ бисёр монеаҳо буданд. Аҳли оила намегузоштанд духтарон таҳсил кунанд, волидайни Рухшона ҳам истисно нестанд. Аммо садде нест, ки иродаи қавӣ онро нашиканад. Рухшона пас аз хатми мактаби миёна ба пойтахт омад ва ба факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикстон дохил шуд. 

Соли 2005 дар Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» ба фаъолият шурӯъ кард. Чеҳраи зебо ва нутқи буррои ӯро дида, ҳамчун наттоқи барномаи иттилоотии «Навид»-калонтарин ва пурбинантарин барномаи «Телевизиони Сафина», ба кор қабул карданд.

Рухшона аз рӯзҳои аввали кораш ёдовар шуда, мегӯяд, ки замони ба эфир баромадан ӯро хамеша  ҳаяҷон пахш мекард,зеро пахши мустақим масъулиятро меафзояд, вале чеҳраи наворбардору коргардон ба ӯ боварӣ мебахшиданд. Вай эҳсоси ҳамбастагӣ  ва узви як команда буданро маҳз дар «Сафина» ёфтааст. Ва ин дарк муҳаббати ӯро ба ин телевизион рӯз ба рӯз зиёд мекунад.

Соли 2020, яъне пас аз расо 15 соли ровигӣ, Рухшона барномаи маслиҳатии «Ганҷи бебаҳо»-ро пешниҳоди ҳаводорони телевизиони «Сафина» намуд ва бо ин тасдиқ кард, ки ӯ на танҳо наттоқ, балки журналисти дорои сабки хос аст. 

Телевизион даргоҳест, ки ҳамеша предметҳо, шахсият, қаҳрамонҳо ва хабарҳо тағйир меёбанд. Вале «Телевизиони Сафина» чеҳра, шахсият ва журналисти худро, ки Рухшона Солеҳова ном дорад, дар тӯли 16 сол иваз накард. Зеро телевизион аз Рухшона шахсият сохт ва Рухшона ба телевизион чеҳраи нав, мухлиси нав, ҳаводори нав ва билохира тамошобини наву бисёр овард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *