Соро Холиқназароваро мешиносед?

Аз соҳибхоназане пурсидам:

-Соро Холиқназароваро мешиносед?

Ӯ каме дар ҳайрат шуду гуфт:

-Чаро не?

Ин саволро назди сиёсатмадоре, омӯзгоре ва донишҷӯе гузоштам. Ҳама ҷавобҳо ба як забон буданд:

-Кист одаме, ки ӯро нашиносад.

Воқеан ҳам, Соро Холиқназарова, мухаррир ва наттоки барномаҳои иттилоотии «Сафина» яке аз чеҳраҳои шинохтаи имрӯзаи телевизион аст. Ӯро ҳамчун наттоқ мешиносанд ва эътироф мекунанд.

Соро хатмкардаи Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода аст. Аз хурдӣ шавқи забономӯзӣ дошт, аммо меҳри журналисти телевизион шудан дар дилаш лона гузошта буд. Ӯ ба Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода шомил мешавад. Пас аз хатми он, соли 2016, дар озмуни «Телевизиони Сафина» иштирок мекунад. Ӯро ба ҳайси ровии барномаи «Субҳ  ба хайр, Тоҷикистон» ба кор мегиранд. Аввалин қадамҳои ӯ дар риштаи ровигӣ аз ҳамин барнома оғоз  мешавад. Баъдтар барномаи иттилоотии «Навид» шуҳрат ва маҳбубияти ӯро зиёд мегардонад. Эътимод  ба худ, дониш, маҳорат ва касбият сарчашмаи муваффақияти ӯст.

 — Асрори маъруфияти «Сафина» дар чист?  — пурсидам аз Соро.

 — Дар серталабӣ. Касбият намегузорад, ки  барномаҳои хом дар телевизион роҳ ёбанд.

Соро Холиқназарова тӯли чор сол мешавад, ки наттоқи барномаи «Навид» аст. Ӯ мегӯяд:

-«Навид» пахши мустақим аст. Ман фикр мекунам, ки пахши мустақим ҳамеша масъулияти бештаре дорад.

Соро Холиқназарова кор дар «Сафина»-ро  мактаби сайқали эҷодӣ медонад. Воқеан ҳусни баёни барномаҳо  ва кори журналистони ин телевизион аз дигар шабакаҳо ба куллӣ фарқ мекунад. Дар телевизион курсҳои махсус барои наттоқон таъсис дода шудааст, ки онҳо маҳорати суханварии  худро сайқал медиҳанд.  Соро Холиқназарова низ сари чанд вақт дар ин курсҳои махсус таълим мегирад.  Ӯ кӯшиш мекунад, ки ҳамеша дар ҷодаи интихобкардааш муваффақ бошад.

Уғулой ҚУТБИДДИНЗОДА

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *