55 шуморо ба “Корвон” мебарад

Автобусҳо тариқи кӯчаву хиёбонҳои Мастонгулов, А. Дониш, С. Айнӣ, С. Шерозӣ, Соҳилӣ, Ҷомӣ, Н. Қарабоев, Ҷанубӣ ва шоҳроҳи Бохтар ҳаракат менамоянд.

Мақомоти шаҳри Душанбе иттилоъ додаанд,ки аз аввали ҳафтаи оянда дар Душанбе хатсайри нави автобус ба роҳ мебарояд.Автобуси №55 мусофиронро аз маркази шаҳр ба бозори «Корвон» воқеъ шудааст, мебарад.
Мақомоти шаҳри Душанбе мегӯяд, автобусҳои нав Боғи «Роҳи оҳанчиён» — ро бо Терминали мусофирбарии дарвозаи ҷанубӣ-мепайвандад.
Ҳамин тавр, автобусҳо дар хатсайри мазкур тавассути кӯчаву хиёбонҳои Мастонгулов, А. Дониш, С. Айнӣ, С. Шерозӣ, Соҳилӣ, Ҷомӣ, Н. Қарабоев, Ҷанубӣ ва шоҳроҳи Бохтар ҳаракат менамоянд.
Гуфта мешавад, ки тариқи хатсайри нав хизматрасонии автобусҳои муосири ватании тамғаи «АКИА ОРИЁ-LE 8» истифода мешаванд.Манбаъ афзуда, ки пардохти ҳаққи роҳкиро тариқи корти нақлиётӣ ба роҳ монда мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *