Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Чаро “Сафина” сертамошобин аст?

Маҳмадёқуб Зокиров, сармуҳаррири Идораи барномаҳои иттилоотӣ- таҳлилии “Навид” аст. Ӯ хатмкардаи факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад.

Ҳарчанд тавваҷҷуҳ ба фанҳои гуманитарӣ дар оилаи онҳо кам буд, вале меҳру хоҳиш ӯро ба маҷрои журналистика ворид кард.

Қаҳрамони мо аз овони донишҷӯӣ аллакай бо расонаҳо ҳамкорӣ ба роҳ монда, фаъолияти худро аз радиои “Тоҷикистон” оғоз кард. Зимни фаъолият дар Идораи барномаҳои иқтисодии радио аз мактаби устодоне чун Абдурашид Хӯҷамқулов, Карим Мӯсо, Карим Валӣ ва дигарон баҳраманд гардид. Як муддат дар Идораи барномаи “Субҳ”-и Шабакаи якум низ фаъолият кардааст.

Соли 2005, баробари ба фаъолият оғоз кардани “Телевизиони Сафина” ба ҳайати эҷодии он шомил гардид ва инак, соли 16-ум аст, ки дар ин даргоҳ заҳмат мекашад. Бо назардошти ин заҳматҳо соли 5-ум аст, ки масъулияти сармуҳаррири Идораи барномаҳои иттилоотӣ-таҳлилии “Навид”-ро ба дӯш дорад.

“Барои рушди кори эҷодӣ муҳити созгор зарур аст. Шукр, ки чунин муҳити созанда дар “Сафина” ҳукмфармост. Бинобар ин, мо корамонро дар сатҳи хуб иҷро мекунем”- мегӯяд Маҳмадёқуб Зокиров.

Мавриди зикр аст, ки Маҳмадёқуб Зокировро журналистони ҷавон ба сифати устод мешиносанд, зеро ҳар сол даҳҳо таҷрибаомӯз аз Идораи барномаҳои иттилоотӣ-таҳлилии “Навид” дарси маҳорат меомӯзанд.

“Мо ҳамеша мекӯшем, ки барномаҳоямонро бо диди нав таҳия кунем. Барои мо завқи тамошобин муҳим аст. Маҳз ҳамин ҳадаф сабаби муваффақияти телевизиони мост. Ҳар сол тибқи назарпурсии Маркази “Зерколо” тамошобинон “Телевизиони Сафина” -ро сербинандатарин интихоб мекунанд, ки ин ифтихори мост”, –мегӯяд, Маҳмадёқуб Зокиров. 

-Нақши “Сафина” дар рӯзгори шумо?

– Як умр аз “Сафина” миннатдорам, зеро беҳтарин дӯстонро маҳз аз ин даргоҳ ёфтаам. “Сафина” ба ман нон, ном ва беҳтарин лаҳзаҳои зиндагиро дод, – мегӯяд ӯ.

Уғулой Қутбиддинзода

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.