Ду такягоҳи ҷонибек. 14 сол боз дар ТОП аст, вале дар телевизиони тоҷик нест
Ҷонибек Муродов, ки санъати мусиқии попи тоҷикро берун аз Тоҷикистон муаррифӣ кардааст, имсол таронаҳои маъруфи “Худо ҳаст”, “Бо ҳам”, “Хеле” ва ғайраҳоро таҳияву пешкаши ҳаводорони ҳунараш кард. Ҳамчунин, номбурда дар чандин ҷашнвораҳо иштирок намуда, соҳиби ҷоизаҳои зиёде гардид. Ин ҳамаро ба назар гирифта, респондентҳои ҳафтаномаи “Тоҷикистон” ва сомонаи Pressa.tj дар “Рейтинг — 2021” ин овозхонро дар номинатсияи “Сарояндаи сол” ғолиб донистанд. Ба муносибати ғолибият ба даст овардан, дар дафтари ҳафтаномаи “Тоҷикистон” дипломи “Сарояндаи сол — 2021” ба ҳунарманди маъруфи тоҷик Ҷонибек Муродов супорида шуд.
14 сол дар “ТОП”
— Шумо дар “Рейтинг — 2021”, ки сомонаи Pressa.tj роҳандозӣ карда буд, дар номинатсияи “Сарояндаи сол” ғолибият ба даст овардед. Ба ин муносибат шуморо таҳният мегӯям!
— Ташккури зиёд!
— Шуморо мухлисон “Сарояндаи сол” интихоб карданд. Оё худатонро сарояндаи соли 2021 медонед?
— Ман ҳарчанд худро сарояндаи сол нагӯям ҳам, тавре шумо гуфтед, маро халқ интихоб кард. Ду қувваи бузург ҳаст, ки такягоҳи мананд: Худо ва халқ. Пас, ман ба эътирофу эътимоди халқ бовар дорам ва эҳтиром мегузорам. Аз ин фурсат истифода бурда, аз мухлисонам миннатдорам ва пайваста кӯшиш мекунам, ки барояшон содиқона ва софдилона хизмат кунам.
— Дар як мусоҳибаатон гуфтед, ки овозхони рақами як нестед. Пас, ба фикри шумо, овозхони рақами як кист?
— Ростӣ, нисбати ман ҷумлаи “Ҷонибек Муродов сарояндаи рақами яки Тоҷикистон аст”-ро зиёд мегӯянд. Вале бовар кунед, ман худамро рақами як гуфта наметавонам ва дар фикри чунин унвон ҳам нестам. Вақте дар яке аз мусоҳибаҳо чунин савол шуд, гуфтам, ки ман сарояндаи рақами ду ҳастам. Албатта, ин шӯхӣ буд, вале ҳар шӯхӣ олудаи ҳақиқат аст. Бисёриҳо мегӯянд, ки рақами як ҳастанд, пас ман рақами дуям.
— Шумо аз ҷумлаи сарояндагоне ҳастед, ки 14 сол боз дар “ТОП” қарор доред ва аз мӯд намеравед. Лутфан, бигӯед, ки сабаби дар як мақом монданатонро дар чӣ мебинед?
— Агар мантиқан фикр кунем, машҳур шудан осон аст, вале фаромӯш шудан осонтар. Вале дар як мақом истодан кори саҳлу осон нест. Барои дар як рейтинг будану ба талаботи мардум ҷавобгӯ шудан, бояд бо мардум якҷо бошӣ, ҳамқадами замон бошӣ, аз навтарин тарзу усул бохабар бошӣ, фазову муҳитро хуб омӯзӣ, чӣ хостани мардумро бидонӣ ва бо онҳо якранг фикр карда тавонӣ…
“Модари дардманд, пири бефарзанд, додари бенанг”
— Дар эҷодиёти шумо сурудҳоеро пайдо кардан мумкин аст, ки аз дарди ҷомеа мегӯянд. Сабаби хондани чунин сурудҳо чист?
— Ман ҳар чизеро, ки мехонам, худам интихоб мекунам ва аз дидаву шунидаҳову таҷрибаҳоям ҳастанд. Тартиби кориям бо шоирон ин тавр аст, ки ман идеяи сурудро пешниҳод мекунам ва онҳо бароям матн менависанд. Сурудҳои иҷтимоӣ ҳам ба чунин шакл тавлид шудаанд.
— Шумо суруде доред бо номи “Дар ин дунё”. Дар он мисраъҳои зеринро шунидан мумкин аст:
“Духтари хуб рӯз набарад, бахти сияҳ ҳамсафараш,
Духтари нохуб, вале тоҷи сари марди бараш”.
Ин фикр аз куҷо пайдо шуд ва чаро чунин аст?
— Тавре дар боло гуфтам, аз таҷриба, мушоҳидаҳо, дидаҳо ва шунидаҳо. Агар дилхоҳи мо ба ҷомеа назар кунем, чунин проблемаҳоро мебинем, танҳо барои гуфтани ин ҳолатҳо бояд шароит, имконият ва таваҷҷуҳ бошад.
— Суруди “Месароям”-ро, ки дар худ мисраъҳои “Барои хонаи бе бом, барои суфраи бе нон, барои товуси бе дон месароям” ё “Барои модари дардманд, барои пири бефарзанд, барои додари бенанг месароям”-ро дорад, шумо дар консерти Киев сароидед, вале дар баробари чунин мазмун доштани суруд дар аввали баромад мегӯед, ки “танцуем”. Чаро чунин гуфтед?
— Консерти мазкур, ки соли 2017 дар шаҳри Киеви Украина доир гашта буд, яке аз консертҳои хотирмон ва ҷолибу пурмуаммои ман аст. Ман барои ин консерт, ки ба таври зинда барпо шуд, ду моҳ омодагӣ дидам. Вале як ҳафта пеш аз консерт бемор шудам. Гулӯдард ва биниам маҳкам шуд. Ба продюссерам гуфтам, ки хонда наметавонам, вале ӯ маро дилбардорӣ мекард, то ки ноумед нашавам, зеро чипатҳо аллакай фурӯхта шуда буданд. Рӯзи консерт чунон барфи бисёр борид, ки роҳи 5-дақиқагиро дар 40 дақиқа тай карда, ба маҳали консерт расидам. Он рӯз тамоми умедамро канда будам, вале бо дуои падар ба саҳна баромадам. Вақте ба саҳна баромадам, толорро пур аз одам дида, ғайриихтиёр “танцуем” гуфтам, зеро як эҳсоси хурсандӣ дар ман пайдо шуд. Он консерт хеле хуб гузашт.
— “Модари дардманд, пири бефарзанд, додари бенанг” қаҳрамонҳои зинда ҳастанд?
— Бале, қаҳрамонҳои зиндае, ки дар ҷомеаи мо гаштугузор мекунанд ва ҳар яки мо агар хуб аҳамият диҳем, чунинҳоро мебинем.
— Матнҳои сурудҳоятонро киҳо менависанд?
— Устод Озарахш, Орзу Исо, Ризо аз Теҳрон.
— Чанде пеш дар расонаҳо аз номи шумо навиштанд, ки гӯё муқобили сароянда шудани занҳо ҳастед. Сабаб чист?
— Бале, чунин ҳарф аз номи ман дар расонаҳо нашр шуд, вале он асос надорад. Дар консерти падарам ҷиянчаам суруд хонд. Дар он маврид фикри маро пурсиданд. Гуфтам, ки ман намехоҳам ӯ дар Тоҷикистон овозхон шавад. Ман танҳо ҷияни худамро дар назар доштам, зеро медонам, дар кишвари мо овозхон будани ҷинси латиф то кадом андоза душвор аст. Ман ба дигарон кор надорам. Ҳама дар интихоб озоданд.
— Барои рушди шоу-бизнеси тоҷик чӣ лозим аст?
— Пул. Пул бошад, шоу-бизнеси мо хеле хуб пеш меравад.
— Сурудҳои шуморо дар телевизионҳои давлатӣ нишон медиҳанд?
— Намедонам, зеро ман зиёда аз 10 сол мешавад, ки телевизион тамошо намекунам. Ҳама чизро дар интернет мебинам.
— Чаро шуморо дар чорабиниҳои давлатӣ намебинем?
— Ман дақиқ намедонам чаро даъват намекунанд. Аммо тахмин мекунам, ки бо сабаби сафарҳои хориҷӣ ва дар узви ягон ансамбли давлатӣ набуданам аст. Ман овозхони мустақилам.
— Охирин маротиба кай дар чорабинии давлатӣ иштирок намуда будед?
— Дар ҷашни Ваҳдати миллӣ соли 2013 дар Наврӯзгоҳ баромад карда будам.
Аз омӯхтани таърих то саволи беҷавоб
— Шумо дар як мусоҳибаатон гуфтед, ки “таърихи тоҷиконро хонда истодаам”. Каме дар мавриди хондаҳоятон мегӯед?
— Бале. Фикри омӯзиши таърихи халқи тоҷик аз он пайдо шуд, ки вақте бо бархе ҷавононамон суҳбат мекунам, таърихро намедонанд, бегонапарстӣ мекунанд ё мехоҳанд худро ба дигар миллатҳо монанд кунанд, вале намедонанд, ки тоҷику тоҷикият чӣ маъно дорад. Мо бояд таъриху фарҳанг ва бузургони худро донему ба онҳо эҳтиром дошта бошем.
— Шумо гуфтед, бояд коре кунем, ки фарзандонамон аз мо болотару беҳтар бошанд. Ба фикри шумо чӣ бояд кард?
— Бояд хуб пул кор кунӣ, бояд фарзандонро хуб хононӣ ва хуб тарбия намоӣ.
— Оё шумо хуб пул кор мекунед, хуб мехононед ва хуб тарбия мекунед?
— Дар мо чунин қабул шудааст, ки падар пул кор мекунаду модар тарбия мекунад. Ва дар оилаи мо ҳам чунин аст.
— Намояндагони аҳли шоу-бизнеси хориҷӣ дар масъалаҳои иҷтимоӣ мавқеашонро нишон медиҳанд. Чаро дар мо чунин нест?
— Садо баланд кардани мо, фикр мекунам, ягон тағйирот намеорад. Ман ба фикре ҳастам, ки шахсони масъул бояд фикрашонро бигӯянд ва ҳар кас вазифаи худро иҷро кунад.
— Ихтисоси шумо забони арабӣ-англисӣ аст. Айни замон бо кадоме аз ин забонҳо ҳарф мезанед?
— Забони англисиям хуб, вале арабиро намедонам.
— Гуфтед, ки телевизион тамошо намекунед. Радиоҳоямонро гӯш ва газетаҳоямонро мутолиа мекунед?
— Дар мошинам радиоҳоро мешунавам, газетаҳоро аз сомонаҳояшон мехонам.
— Агар ба шумо вазифаи давлатӣ пешниҳод кунанд, қабул мекунед?
— Ҳама чиз вақти худро дорад. Ҳоло вақти он аст, ки карйераи овозхониямро пеш барам.
— Шумо шукр мекунед?
— Ман ҳар субҳ барои саломат хестан ва ҳар шом барои итмоми рӯз ва имконоте, ки ба ман дода шуд, шукр мекунам.
— Чаро мо зиндагӣ мекунем?
— Ба ин савол, фикр мекунам, касе ҷавоб дода наметавонад.
— Дар ин дунё зиндагӣ кардан душвор аст?
— Бале.
БЛИТС
— Гаронарзиштарин клипе, ки сабт кардед?
— 100 ҳазор доллар. Қимматарин клипи Осиё Миёна маҳсуб меёбад.
— Гаронарзиштарин консертатон?
— Консерти Хуҷанд, ки 35 ҳазор одам омада буд.
— Гаронарзиштарин шеъре, ки харидорӣ кардед?
— 7 ҳазор евро.
— Гаронарзиштарин шиму костюматон?
— 10 ҳазор доллар.
— Гаронарзиштарин “кепка”?
— То 600-700 доллар.
— Гаронарзиштарин чеки тарабхона?
— 7 ҳазор доллар.
— Гаронарзиштарин мошинатон?
— То 100 ҳазор доллар.
Мусоҳиб
Ҳафизуллоҳ ТОҲИРӢ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ