Песков ба шӯхии Нуланд дар бораи интиқоли арақ тавассути “Маҷрои шимолӣ-2” посух дод

— Муовини котиби давлатии ИМА Виктория Нуланд дар мавриди интиқоли арақ ҳангоми суханронӣ дар бораи «Маҷрои шимолӣ-2» шӯхӣ кардааст. Дар ин бора сухангӯи Кремл Дмитрий Песков дар посух ба суоли рӯзноманигорон изҳор дошт,- хабар медиҳад «ТАСС».

«Бубинед, ҳадди ақал баъзе кӯшишҳои шӯхӣ дар ин вазъият мусбатанд. Беҳтараш онҳо шӯхӣ кунанд, аз он, ки ба эҷоди таниш дар Аврупо машғул мешаванд”,- гуфтааст Песков.

Бино ба иттилои “Комсомолская правда”, Нуланд қаблан гуфта буд, ки хуб мебуд, агар аз лӯлаи гази русии «Маҷрои шимолӣ-2» арақ ҷорӣ шавад. Ӯ бо чунин шева ба сухани рӯзноманигор Мэтт Ли посух додааст, ки гуфта будааст, “Маҷрои шимолӣ-2” ба интиқоли дилхоҳ чиз омода аст.

— Сухангӯи Департаменти давлатӣ Нед Прайс изҳор доштааст, ки Иёлоти Муттаҳида қасд дорад монеи ба кор андохтани лӯлаи гази Русия дар сурати авҷ гирифтани буҳрон дар Украина шавад. Ба гуфтаи намояндаи Департаменти давлатӣ, лӯлаи газ ҳанӯз ба кор андохта нашудааст ва ин барои маъмурияти Амрико фишангҳои фишор ба Маскавро фароҳам меорад,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *