Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Ортиқ Қодир: Хомӯшӣ беҳтар аз гуфтор аст

14-уми март Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Ортиқ Қодир 65-сола шуд. Ба ин муносибат номбурда меҳмони барномаи “Корзина” буд ва доир ба ҳунару ҳунармандӣ, театр, кадрҳои оянда, озодӣ, сензура, шароити иқтисодии театрҳо, бинандагони иҷборӣ, роҳҳои даромади актёр дар кишвар ва филмҳои туркӣ суҳбат кард, ки дар зер манзури шумо хоҳад гашт.

Видеои суҳбати мазкурро дар youtube – канали pressa.tj  тамошо кунед.

Вақте ба қадри ҳунарманд намерасанд…

– 65-сола шудед. Чӣ эҳсосот шуморо фаро гирифтааст?

-Ҳеҷ, ҳамон эҳсосеро дорам, ки солҳои қаблӣ доштам. Ҳамоно думболи кору рӯзгорам…

– Панҷ сол пеш, вақте 60-сола шудед, мавлуди шумо таҷлил нашуд. Имсол чӣ?

-Имсол ҳам. Мавлуди 50, 60 ва аксар вақт 70-солагии бисёре аз аҳли ҳунари кишвар қайд карда намешавад ва инро ба қонуни танзим рабт медиҳанд. Дар ин росто, ақидаи ман ин аст, ки бояд 60, 70 ва 80 –солагии аҳли илму адаб ҷашн гирифта шавад, зеро чунин маҳфилҳо на танҳо қадр кардани як нафар, балки роҳнамоӣ кардан ба ҷавонон ҳам ҳаст. Имрӯз бояд ҷавонони мо нафаронеро, ки ба ҷомеа хизмат кардаанд, шиносанд ва ба онҳо пайравӣ кунанд.

Вақте актёр журналист мешавад…

– Шумо як муддат аз театр рафта будед ва далели онро “солҳои 90-уми асри гузашта дар Тоҷикистон як муҳите пайдо шуд, ки санъат ба касе даркор набуд”, – гуфтед. Ҳоло ин гуна фикр надоред?

– Не, хушбахтона, дигар чунин андеша надорам. Зеро, театр, ҳунарпеша ва умуман санъату маънавиёт ба ҷомеаи мо мисли обу ҳаво лозим аст. Дар ин баробар, мо кӯшиш мекунем, ки ба мардум хизмат кунем ва ҳамеша даркорӣ бимонем.

– Чаро ба ронандагӣ, савдогарӣ, ошпазӣ ё ба кори дигар машғул нашудед ва маҳз ба кори матбуот пайвастед?

– Ман он солҳо як унвон доштам: “пиёдагарди мардумии Тоҷикистон”. Дар кӯчаҳо мегаштам, намедонистам куҷо мерафтам, чӣ кор мекардам. Рӯзе равоншод Акбаралӣ Сатторро дидам ва гуфт ба куҷо меравӣ, ба чӣ корҳо машғулӣ? Гуфтам, ки худам ҳам намедонам. Гуфт, ки нияти таъсиси ҳафтаномаеро дорад ва пешниҳод кард, ки ҳамроҳаш бошам. Ҳамин тавр, корро шурӯъ кардем.

– Баъд чӣ шуд, ки боз ба театр баргаштед?

– Ду сабаб дорад: якум, вақте ки Ҳалим Сангинов филми “Ғуруб”-ро таҳия кард, баъди ҳамон Ато Муҳаммадҷонов ба ман гуфтанд, ки ҷои ту театр аст, барои газета аз театр ҳам навишта мешавад, аммо барои дар театр кор кардан дар газета будан кофӣ нест. Дуюм, пештар аз ин, ҳамон соле, ки ман унвони Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон гирифтем, шодравон Акбаралӣ Саттор рӯзе гуфтанд, ки дар газета мондани ту шояд бар зарарат бошад ва ман ба гумонам дар ҳақат зомин шуда истодаам. Ҳамин тавр, ман боз баргаштам ба кори асосиям, ба театр

Вақте фарҳангиён мераванд…

– Устод, чаро фарҳангиёни мо аз кишвар мераванд?

– Шояд аз қадрношиносӣ ё пайдо кардани зиндагии беҳтару хубтар дар ҷойи дигар. Вале бояд гуфт, ки ҳоло Ҳукумат ҳам дар ин маврид фикр карда истодааст ва ҳар қадар, ки иқтисод, шароити будубоши мо беҳтар гардад, ҳамон қадар метавонем рафтаҳоро баргардонем.

– Шумо ягон маротиба фикри рафтанро кардед?

– Не, ин гуна андеша умуман дар фикри ман пайдо нашудааст. Ман аз ҳеҷ чиз танқисӣ намекашам, оилаи хуб, ватани обод, ҷойи кори мусоид дорам. Боз як пайғоми хуб ба шумо расонам, ки мо ҳоло дар даст дастури махсуси Раиси Дастгоҳи иҷроияи Президенти кишварро дорем, ки мувофиқи он тамоми корхонаҳову муассисаҳо, вазорату кумитаҳо ва макотиби олӣ бояд ҳамагӣ ба театр ҷалб гарданд. Албатта, ин тасмим аҳли ҳунарро бисёр шод кардааст.

– Ин бинандаи маҷбурӣ нест?

– Мо борҳо шоҳид шудем, ки ҳамон тамошобини ба истилоҳ иҷборӣ пас аз тамошои намоиш бо як фараҳ ва шодмонӣ аз театр меравад. Шояд чанд маротиба ин кор ҳам лозим бошад, зеро мардумро ба театру сухан аввал бояд наздик кард ва ман хуб медонам, ки фаҳмиш ва шинохти бархе дар бораи театру ҳунар то он андозаи лозимӣ нест.

Вақте харҷ 50 ва даромад 5 ҳазор аст…

– Шумо дар як мусоҳибаатон гуфта будед, ки театрҳо дар интихоби мавзӯъ мустақиланд, вале аз назари дарёфти маблағ танқисӣ мекашанд. Лутфан, бигӯед, ки барои таҳияи як намоишнома чанд сомонӣ сарф мешавад?

– Ин вобаста ба намоишнома ва сатҳу арзиши он аст. Агар намоишномаи классикӣ бошад, тасаввур кунед, ки чӣ қадар либосҳои он замон лозим ё декаратсия, ки рассом барои сохтани қасру кушку дигар муҳити он солҳо талаб мекунад. Барои як намоиши одӣ  камаш 40-50 ҳазор сомонӣ харҷ мешавад.

-Як намоиш чӣ қадар фоида меорад?

– Агар толор пур шавад, то 5 ҳазор сомонӣ…

Ваќте хомӯшӣ бењтар аз гуфтор аст…

– Чанде пеш гуфта будед, ки мадҳу сано аз ҳад гузаштааст ва ҳатто мақомоти роҳбарӣ ҳам аз ин хаста шудаанд. Ин фикр аз куҷо пайдо шуд?

– Агар ба адабиёти гузаштаамон нигарем, мебинем, ки қисме аз адибони мо ба шоҳону сарватмандон шеърҳо бахшидаанд, мадҳу сано кардаанд, вале дар баробари он, роҳнамоӣ ҳам намудаанд ва ҳамин чиз ҳоло дар адабиёти мо намерасад.  Фикри ман аз он пайдо шуд, ки худи Ҷаноби Олӣ борҳо таъкид кардаанд, таърифро бас кунем ва бештар ба нишон додани мушкилоти ҷомеа машғул шавем.

– Чӣ бояд кард, ки қаламбадастон ба ҷомеа назар кунанд?

– Аз гузашта сабақ бояд гирифт.

– Чиро дар назар доред?

– Хомӯшӣ беҳтар аз гуфтор

– Шумо озодед?

– Бале.

– Ранҷидахотир нестед?

– Кӯшиш мекунам, ки касеро наранҷонам ва ҳар касе, ки маро ранҷонад, ба дил нагирам.

Ваќте ба хотири Йигит эњтиром мекунанд…

– Шумо гуфтаед: “Шахсан ман дар чандин филмҳо нақш бозидаам, вале ҳар гоҳ аз кӯча гузарам, кӯдакон аз пасам давида меоянд ва “Йигит шумоед” гуфта, салом мекунанд. Ман ҳамчун ҳунарманд ифтихор мекунам, ки маро аз рӯи ҳамон филм дӯст доштанд”… 

– Дар пайи ин гуфтаи ман гила ҳам ҳаст. Зеро бо фаъолияти чандинсолаам дар театру синамо мардум танҳо бо дубляжи филмҳои туркӣ маро мешиносанд.

– Дар ҷомеаи мо филмҳои туркиро ҳам мебинанд ва ҳам танқид мекунанд. Шумо чӣ назар доред?

– Албатта, он филмҳо ҳам аз камбудӣ орӣ нестанд, вале ман фикри мусбат дорам.

– Шумо гуфтаед: “Аз забони дӯстонам шунидам, ки пас аз тамошои силсилафилмҳои “Садоқат” ва “Ҳомиён” чанд нафар бачаҳои Турсунзода бо хоҳиши худашон ба хизмати ҳарбӣ рафтаанд”. Аммо мегӯянд, ки аз рӯи он филмҳо ҷавонон ба одамкушиву оилавайронкуниҳо даст задаанд, ба ин чӣ мегӯед?

– Не, ин овозаҳо ғалатанд ва ҳеҷ гоҳ ба чунин бадгӯиҳо бовар накунед.

 Вақте шукр мекунем…

– Як рӯзи идеалии шумо чӣ гуна мегузарад?

– Ҳамон рӯзе, ки чизе нависам, китоби хубе хонам, дар театр нақшамро хуб иҷро кунам ва ба мардум хизмате расонам.

– Кадом корҳоро ҳамаррӯза такрор мекунед?

– Мехӯрам, мепӯшам ва мехонам.

– Шумо аз зиндагӣ шукргузоред?

– Ҳамеша ва барои ҳама доду нододи Худо шукр мекунам.

Мусоҳиб

Ҳафизуллоҳ ТОҲИРӢ

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.