Литсензия дандонамро шикаст

…Бегоҳирӯзӣ дандонам якбора сахт ба дард даромад. Чунон дард мекард, ки гумон мекардам дунё ба сарам чаппа шуда истода бошад. Ба ёдам расид, ки дар наздикии хонаамон духтури дандон хаст. Зуд бо рӯймолчае дандонамро дошта, пешпохӯрон ба он ҷо расидам. Ҳанӯз аз зинапояҳо боло нашуда, аз пешам  боз як нафаре баромад, ки мисли ман оҳу вой дошт ва ду даста як тарафи рӯяшро меқапид.”Беҳуда нарав…нарав…” гуфт у аз паҳлуям гузашта, ба як таксӣ савор шуд. Ман   ба суханони ӯ сарфаҳм нарафтаму зуд зинаҳои боқимондаро тай намуда, вориди ҳуҷраи пизишк шудам.  Хайрият навбат набудааст ва духтури солхӯрда бо ҳафт чароғ даруни даҳони маро равшан карда диду сар ҷунбонд. Аз ваҷоҳаташ пай бурдам, ки аҳвол бад аст ва як лаҳза дардро фаромӯш карда пурсидам:

-Чӣ, мемурам?

Духтур айнакашро тозакунон гуфт:

-Не, ба мурдан ҳоло барвақт- ку, лекин мурда- мурда мегардӣ, ҷӯра. Ин дандон дигар таъмиру табобат  намешавад, онро кандан лозим…

-Хайр, канед охир…

-Ба гуфтан осон. Барои ин литсензия лозим. Ман бошам, надорам.

-Хайр, кӣ дорад?

-Намедонам, мегӯянд, ки дар “Якум советский” ҳаст. Вазорат танҳо ба ду-се дандонпизишк иҷозати дандонканӣ додааст. Ман аз ҷумлаи онҳо нестам…

Дандони ман ин гапро “шунида” аз пештараааш дида сахттар ба нолиш даромад. Аниқтараш, соҳибаш акнун  мисли гурги гурусна  уллос мекашид. Аз сахтии дард давоми суханони духтурро гӯш накарда, аз зинапояҳои бино бо суръати кайҳонӣ берун шудам ва нав ба маънои суханони марде, ки вақти ворид шуданам  гуфта буд, сарфаҳм рафтам. Мисли ӯ аввалин таксии роҳгузарро доштаму худро ба нишастгоҳи қафо партофтам. Танҳо як калима ба забон

овардам: ”Духтури дандон…”

Нисфи шаҳрро гаштем. Ба ҳар нуқтаи дандонпизишкие, ки ворид мешудем,”литсензия надорем” мегуфтанд ва ин ҷавоб дараҷаи дарди дандони маро аз рӯи шкалаи садбалла  чанд балл боло мебурд. Ниҳоят таксист гуфт:

-Ака, роҳкироятон аз сад сомонӣ гузашт, боз ба куҷо барам?

-Бори охир ба «Якум советский» бар, агар нашуд, барои мурдан ба хона мебарӣ…

-Ин хел нагӯед, ака. Ҳоло боз чандто дандонпизишки дигарро медонам. Аммо онҳо шабонгоҳ  кор намекунанд. Намедонам литсензия доранд ё не…

Баробари расидан ба “Якум советский”  аз  дар паридам ва худро ба утоқи духтури дандон расонидаму латтаам ба об афтод. Навбати одамони даст дар рӯй нолидаистодаро дидаму ба худ гуфтам: “Вақти калимагардонӣ расид. Ло илоҳа иллаллоҳу…”

-Ака,шумо аз ташхис гузаштед?-пурсид  нафаре, ки худро дар навбат охирин гуфт.

-Кадом ташхис? Ман дандонканӣ омадам…

-Чӣ, дигарон шалғамканӣ омаданд? Ҳама  ин ҷо дандон мекананд, вале барои ин аз ташхис гузаштан лозим…Аммо имрӯз шумо гумон аст, ки “успет” кунед. Беҳтараш ба хона раведу намакоб ба даҳон гирифта, то пагоҳ тоқат кунед. Баъд аз ташхис гузашта биёед, он гоҳ инҳо дандонатонро канда, ба дастатон медиҳанд…

Бори аввал аз он,ки  дар баччагӣ дандон баровардам,пушаймон шудам. Кош, дар замони шӯравӣ тарақ- тарақ ҳамаашро якто- якто, бе пулу бе ташхис канда мепартофтаму имрӯз мисли дигарон бо дандонҳои пластикӣ,бедарду ранҷ себ хоида мегаштам…

Ёд дорам, раҳматӣ муаллим Зикруллоев, вақте ки дар деҳа  дандонам дард карду падарам ба наздашон бурд, занашон аз ду дастам қапиду худашон бо амбури мехканӣ дандони сето решадорро дар як кашидан канда ба дастам доданд ва баъд барои он, ки хунаш ист кунад ва “дезинексия” шавад, як каф пахтаро дар солярка тар карда, ба даҳонам ниҳоданд, ки се рӯз оруқам бӯи солярка мекард ва агар мисли артистони сирк дар наздикии даҳонам гӯгирд мезадӣ, аз даҳонам оташ париданаш аниқ буд…

…Пас аз шунидани ин суханони дандондарди собиқадор дубора ба таксии 3333 нишастаму нолакунон то хона расидам ва яксаду чанд сомонӣ ба таксист дода, сар ба болини ашк гузоштам. Аз ғояти дард чунон гиристам,ки дар мурдаи бобои раҳматиам ин қадар нагириста будам. Нисфишабӣ тоқатам тоқ шуд ва барои он,ки хонавода бедор нашаванд, доду войро як тараф гузоштам ва бо чароғак  дари амборчаро боз карда, ресмон кофтам. Не, гумони бад набаред, ресмонро барои худро овехтан не, барои данонро кандан. Ниҳоят, дар нимторикӣ ғалтаки  шасти моҳигириро ёфта, аз он чанд метр қилро буридам ва як тарафашро ҳалқа карда, ба дандони дарднокам гузаронидаму ба кӯча баромадам. Дар нисфишабӣ дар кӯча ягон мошин набуд. Танҳо мошини партовкашонӣ аз партовгоҳ бори ҳаршабаашро бор мекард. Оҳиста наздик шуда, як тарафи қилро ба паси мошин бастаму интизор шудам.   Ронанда, ки корашро тамом карда буд, ба сари рул нишасту бехабар аз “притсепаш” мошинро аввал ду — се бор газ доду баъд якбора ба пеш ҳаракат дод. Тамоми ситораҳои осмон бо як дидан дар пеши чашмам ба чархзанӣ сар карданд. Садои канда шудани дандонамро бо ду гӯшам шунидам ва…ба замин чаппагардон шудаму аз ҳуш рафтам…Пас аз чанд лаҳза гармие ба рӯям расиду аз он ба худ омадам. Яке аз сагони атрофи “мусорка” рӯямро мелесид.Аз дарди дандон нишоне набуд…

Хурсандона ба тарафи хона равон шудаму аз дар даромадан замон ба занак қиссаи дандонканиамро нақл кардам. Ӯ ба шодиам шарик шуда гуфт:

-Канӣ мардак, даҳонатро кушо як бинам…

Ӯ дурудароз мисли духтури дандон бо чароғаки дастӣ даҳонамро равшан карду бо чеҳраи гирифта гуфт:

-Мардак, ростӣ дигар дандонат дард намекунад?

-Не охир, намебинӣ…

-Мардак,як гап гӯям хафа намешавӣ? Охир ба ҷои дандони дардмандат дандои сип — сиҳататро кандаӣ…

Доду воям дубора ба ҳавобаланд шуд ва тамоми ғазаби азоби якшабонарӯзиамро ба сари ӯ рехтам:

-Чаро инро ба ман гуфтӣ? Дарди дандонам монда буд — ку…Ана ин дафъа худат духтуркобию ташхисгузарӣ мебарӣ…

Субҳ медамид ва яқин буд,ки имрӯзро ҳам бо дарди дандон сипарӣ мекунам ва агар то бегоҳ илоҷашро наёбам, маҷбурам боз ба паси мошини “мусоркашак” “притсеп” шавам. Ин дафъа дандони дардмандро ёфта, баъд мебандам..

А.АҲМАДЗОДА

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

2 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *