Дар “Зарафшон” ҳам ришва мегиранд

Ҳуқуқшиноси ҶДММ КМ «Зарафшон” дар шаҳри Панҷакент Фаррух Исрофилов, барои аз як нафар сокини деҳаи Косатароши ҳамин шаҳр, гирифтани 17000 сомонӣ маблағ, бо баҳонаи ба ин корхона ба кор қабул намудан, боздошт шудааст.

Фаррух Исрофилов бо роҳи фиреб ба боварии шаҳрванд Вазир Маҳмадов сокини деҳаи Косатарош даромада, барои ӯро ба кор қабул намудан ба КМ «Зарафшон”, 17000 сомонӣ маблағи пулӣ талаб намудааст. Ҷабрдида Вазир Маҳмадов пештар дар ҳамин корхона ба ҳайси ронанда кор мекардааст, вале бо ба итмом расидаи шартномаи меҳнатиаш ӯро бо қатори дигарон аз вазифа барканор кардаанд. Кормандони ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Панҷакент, Фаррух Исрофиловро баъди гирифтани маблағ дастгир мекунанд. Алайҳи ӯ бо моддаи 247 қисми 1 банди «г”, Кодекси ҷиноятии ҶТ, яъне қаллобӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад.Ҳуқуқшиноси КМ «Зарафшон”, Фаррух Исрофилов сокини деҳаи Сӯҷинаи ҷамоати деҳоти Сӯҷина буда, падараш замоне муовини раиси шаҳри Панҷакент будааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

3 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *