Фалокат дар роҳи Ишкошим

Сокини ноҳияи Ишкошими вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон Мафтулбек Музофирбеков  дар зери тарма ҷон додааст. Мафтулбек ҳамроҳи падараш Ақризобек Музофирбеков машғули тоза кардани роҳи байни Ишкошиму Хоруғ аз барф буданд ва баъд аз зуҳри 17-уми январ дар зери тарма монданд.

Сокинон Мафтулбекро аз зери тарма мурда берун овардаанд ва ҷустуҷӯи падараш ҳанӯз идома дорад. Дар ин ҳодиса як нафари дигар аз пояш осеб дида, барои табобат ба бемористони шаҳри Хоруғ бурда шудааст. Онҳ кормандони идораи роҳи ноҳия буданд ва солҳо боз дар чунин рӯзҳои мушкил роҳро аз барфи зиёд пок мекарданд. Дар идораи ҳолатҳои фавқулодаи Бадахшон фаромадани тармаро дар роҳи Ишкошим – Хоруғ тасдиқ карда, вале гуфтанд, ки ҳанӯз иттилоъ ниҳоӣ нашудааст ва дертар дар ин бора хабар медиҳанд. Ақризобек Музофирбеков 64-сола ва писараш Мафтулбек 40-сола буда, аз дувумӣ ду фарзанд ятим мондааст. Як рӯз пеш дар натиҷаи фаромадани тарма дар ноҳияи Ванҷи вилояти Бадахшон низ панҷ нафар зери ярч монда, чаҳор нафари онҳо зинда берун оварда шуданд ва як нафари дигар ҳанӯз пайдо нашудааст. ​Ин  ҳодиса дар байни деҳаҳои Мотравн ва Жамаги ҷамоати Язгулом рух додааст.Тайи ду-се рӯзи охир дар баъзе аз минтақаҳои куҳии Тоҷикистон, аз ҷумла вилояти Бадахшон барфрезии шадид мушоҳида шудааст. Мақомоти Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон гуфтанд, ки баландии барф рӯзи 16-уми январ дар шаҳри Хоруғ ба 40 сантиметр ва дар баъзе аз гӯшаҳои дигари вилояти Бадахшон то 80 сантиметр мерасид. Рӯзи 20-уми январ дар Тоҷикистон бориши пуршиддати барфу борон пешбинӣ шуда, ба қавли наҷотдиҳандагон, метавонад ҳаракат дар роҳҳои кӯҳиро боз ҳам мушкил гардонад.Маркази обу ҳавошиносии Тоҷикистон низ эҳтимоли фаромадани тарма  дар роҳи Душанбе-Хуҷанд ва ноҳияҳои Дарвозу Ишкошим ва шаҳри Хоруғро аз эҳтимол дур надонистааст.Ҳар сол дар натиҷаи боронҳои пайиҳами баҳорӣ ва фаромадани тармаву сангреза дар роҳҳои кишвар чандин нафар ҷон бохта, баъзеи дигар маҷруҳ мешаванд. Танҳо дар моҳи феврали соли 2017 дар натиҷаи тармафароӣ дар вилояти Бадахшон ва роҳи Душанбе-Чаноқ беш аз бист нафар ҷон бохта буданд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *