Лоҳутӣ мехоҳед? Ба иттифоқи журналистон давед!

Иттифоқи журналистони Тоҷикистон муҳлати охирини пешниҳоди матолиби журналистон барои дарёфти Ҷоизаи ба номи Лоҳутӣ дар соли 2016-ро муайян кард.

Бино ба иттилоияе, ки аз ҷониби ин ниҳод ба дасти мо расид, довталабон метавонанд матлабҳои таълифкардаи худро аз 11 марти соли 2016 то 31 декабри соли 2016 то соати 17:00-и 17 феврал ирсол намоянд. Ҷоизаи ба номи А. Лоҳутӣ дар бахшҳои матбуот, телевизион, радио ва тадқиқотҳо доир ба журналистика эъто карда мешавад.

Ин ҷоиза ҳамасола санаи  11 март дар рӯзи матбуоти тоҷик супорида мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *