“Бедаквилин” навъи нави давои бемории сил

Имрӯз дар Маркази миллии бемориҳои сил, шуш ва ҷарроҳии қафаси сина бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон ва шарикони хориҷӣ маросими супоридани маводи дорувории навъи васеи мутобиқгаштаи сил, бо номи Бедаквилин (bedaquiline) барои беморон баргузор гашт.

Дар ин маросим Саидаи Ғайрат муовини аввали Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ ва аҳолии ҶТ , Юзи Ҷилка ёрдамчии сафири сафорати ИМА дар ҶТ, Роҳбарияти лоиҳаи ХОБ ҷаноби Скопес Кристофел Русер ва дигар намояндагони лоиҳа, мутахассисони соҳаи силшиносӣ ва рӯзноманигорон иштирок намуданд.

Саидаи Ғайрат, муовини аввали вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ аҳолӣ дар суханрониаш қайд кард, ки бемории сил дар ҶТ яке аз мушкилиҳои асосӣ ва самтҳои асосӣ ва афзалиятноки соҳаи тандурустӣ ба шумор меравад. Қайд кардан ба маврид аст, ки Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон дар соли 2017 якуним миллион сомонӣ маблағгузорӣ пешбинӣ шудааст. Дар соли 2016 танҳо барои маводҳои доругии зиддисили қатори якум як миллион сомонӣ ҷудо шуда бошад, соли ҷорӣ он ба 1,5 миллион сомонӣ расонида шуд. Ғайр аз ин таъмини ғизонокии беморони силро ба уҳда гирифтааст. Бо вуҷуди ин, мушкилиҳо дар ин самт вуҷуд дорад. Тибқи оморҳои расмӣ камшавии гирифторони бемории мазкур то ба 60 ба 100000 аҳолӣ расидааст.

Мавсуф қайд кард, ки солҳои 2014-2014 зиёда аз 40 давлати ҷаҳон , гурҷистон, Арманистон, Узбекистон, Руссия, Африкаи Ҷанубӣ ва ғайра бо истифодаи дорувории Бедаквилин табобати беморони бо шакли васеи мутобиқгаштаи сил оғоз намуда, дар ин ҷода ба натиҷаҳои назаррас ноил гардиданд. Аз соли 2015 то охири соли 2016 дар Ҷумҳури Тоҷикистон 17 нафар беморон бо табобат фаро гирифта шуданд ва натиҷаи дилхоҳ дод.

Аслиддини Саидбурҳон, директори Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сили Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ аҳолии ҶТ ба хабарнигорон гуфт, ки айни ҳол дар ҷумҳурӣ пастшавии гирифторони бемории сил ба назар мерасад, ки нисбат ба солҳои пешин 25 нишондод коҳиш ёфтааст. Дар баробари ин фавт низ коҳиш ёфтааст, масалан солҳои пешин 7, 2 ба 100000 аҳолӣ буд, ҳоло бошад 3,2 ба 100000 аҳолӣ расидааст. Хушбахтона бо пешрафти соҳаи тиб ба мо муяссар гашт, ки бо доруи зиддисилӣ бо дастгирии Сафорати ИМА дар ҶТ барои 50 нафар беморони васеи мутобиқгаштаи сил дастрас намудем. Умед дорем, ки дар рафти табобат аз навъи дорувори Бедаквилин шумораи силии ҳасоснок коҳиш меёбад.

  Ҳамчунин номбурда дар суҳбат ба хабарнигорон гуфт, ки бори аввал доруи нави зиддисилии Бедаквилинро бо дастгирии шарикон ва духтурони берунмарзӣ соли 2015 барои табобати 5 нафар бемор ва соли 2016 боз барои 8 нафар бемор дастрас намуда будем, ки дар вақти табобат самараи хуб ба даст овардем ва ҳамин 13 нафар табобати худро гирифтан ва нишондоди шифоёбӣ дар сатҳ ва сифати баланд аст.
Айни ҳол 32 нафар бо истифода аз ин навъи нави доруи зиддисилӣ Бедаквилин ба табобат фаро гирифта шуда истодаанд ва чи хеле шумо шоҳид будед, боз барои панҷоҳ нафар чунин беморон дорувории мазкур ворид гашт. Дар оянда агар зарурати истифодаи ин дорувори пеш ояд, боз беморонро бо ин доруворӣ таъмин менамоем.
Дар охир Аслиддин Саидбурҳон қайд кард, ки ин доруворӣ ба ҷумҳурӣ ба таври ройгон ворид гаштааст. Нархи ин доруворӣ дар бозори ҷаҳонӣ барои табобати як бемор 900 доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

Рустам Шарипов, директори Муассисаи Маркази миллии бемориҳои сил, шуш ва ҷарроҳии қафаси сина қайд кард, ки бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои милат, Презденти кишвар, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва шарикони хориҷӣ марказ аз таъмир баромада, бо дастгоҳҳои наву замонавӣ барои ташхис ва муолиҷаи беморони сил таҷҳизонида шуд. Баъдан дар марказ озмоишгоҳи референсӣ кушода шуд, ки дар Осиёи Миёна яке аз калонтарин озоишгоҳҳо ба шумор меравад. Дар ин озмоишгоҳ аз одитарин ташхиси балғам то сатҳи ДНК, ки барои муайян кардани мутобиқшавии чубчамикроби сил гузаронида мешавад.

Маҳинаи Давлат

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.