Лоиқ Холов: Падарам устоди сахтгиранд

Лоиқ Холов сарояндаи ҷавонест, ки имрӯз дар роҳи санъат устуворона гом мениҳад. Ӯ фарзанди Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Давлатманд Холов аст, ки пешаи падарро сарбаландона идома медиҳад. Сурудҳояш чандест аз ҷониби мардум гарм истиқбол мешаваду дӯстдорони садояш меафзояд. Ба ҳамин хотир рафтем суроғаш ва суҳбате анҷом додем оид ба оғози фаъолияту идомаи эҷодаш.

— Лоиқ номгузорӣ шудани шумо пайвандие бо устод Лоиқ Шералӣ дорад?

— Падарам бо устод Лоиқ дӯстӣ доштанд ва номи маро худи устод гузоштаанд.

— Кӯдакии шумо дар омезиш бо суруду мусиқӣ сипарӣ шуда. Аввалин ҳунарнамоӣ дар рӯи саҳна кай буд?

— 7-сола будам, ки аллакай сози думбра менавохтам. Дар хонаи мо қариб 15 навъи асбоби мусиқӣ ҳаст, ки аз уҳдаи навохтани ҳамаи онҳо мебароям. Баъдан, аз 9-10-солагӣ ба овозхонӣ шуруъ кардам. Аз соли 2021 бо суруди “Роҳдур модарам” шинохта шудам. Пеш аз ин суруд баромадҳо доштам. Аммо он замон бештар дар паҳлуи устодам — падари азизам ҳамчун навозанда ё овозхони дуюм будам. Тақрибан 20 сол аст, ки дар назди падарам шогирдӣ мекунам. Бо дуои падар дар рӯи саҳнаҳои калон сурудхонӣ карданро оғоз кардам.

— Яъне, вақте иҷозаи устодро гирифтед, баъдан мустақилона ҳунарнамоиро шуруъ кардед?

— Бале. Вақте аз имтиҳони падар гузаштам, баъдан ба ман дуо доданд.

— Аз ҷониби падар барои шумо фарзандаш дар ҷараёни омӯзиш гузаштҳо намешуд?

— Падарам хеле устоди сахтгиранд. То ҳол ба ягон суруди ман эрод нагирифтаанд. Танҳо мегӯянд, ки дар паҳлуи ман бошу маро гӯш кун. Аз ҳамин бодиққат гӯш карданҳо худам иштибоҳи худро дарк мекардам ва пайи ислоҳаш мешудам.

— Баъди гирифтани дуои падар ва мустақилона ҳунарнамоӣ карданҳо сурудҳои баъдиро ба танҳоӣ омода кардед ё бо машварати падар?

— Ҳар суруде, ки то имрӯз пешниҳоди мардум гаштааст, ҳатман аз назари падарам гузаштааст. Мо бо бародарам Дониёр якҷоя маслиҳат карда, сурудро омода мекунему онро ба падар нишон медиҳем. Устод, ки қабул карданд, баъдан аз пайи сабту пешниҳод кардани он ба мухлисон мешавем.

— Ғайр аз шумою Дониёр боз киҳо идомадиҳандаи роҳи ҳунаранд?

— Дониёр найнавози моҳир ва оҳангсози хуб аст. Аз ҷумла, суруди “Ҳаво, ки шар-шар мекунад” оҳанги Дониёр аст. Ӯ дар бари ман ҳамчун мутриб ва оҳангсоз хизмат мекунад. Ҳамчунин, бародаронам Рӯзимад рубобнавози моҳир аст, Сангимад таблак менавозад, Хуршед ғижжакнавозӣ мекунад.

— Суруди “Раҳдур модарам”-ро, ки шуморо ба мардум бештар шиносонд, дар шабакаи ҷаҳонии Ютуб то ин вақт зиёда аз 2 миллион нафар тамошо кардаанд. Ин суруди падар бо пешниҳоди кӣ аз ҷониби шумо бозхонӣ шуд?

— “Раҳдур модарам” аз эҷодиёти падарам аст. Вақте ин сурудро дар ҷамъомаде сароидам, як дӯсти қадрдон ба ман маслиҳат дод, ки ҳамин сурудро сабт карда, ба мардум пешниҳод кунам. Сурудро омода карда, аз назари падар гузаронидем. Падар ҳам хуб қабул карданд ва он пешкаши мухлисон гардид.

— Тамошобинони суруди “Борон агар биборад” ҳам аз ду миллион нафар зиёданд…

— Ин суруд аз оҳанг ва такмили устод Содиқ Холов аст. Эшонро зиёд эҳтиром дорам ва ҳунарашонро дӯст медораму қадр мекунам.

— Чандест, ки суруди “Ҳаво, ки шар-шар мекунад” дар ҳама ҷо вирди забонҳост. Суруди мазкур бо як сабки хосу ҷолиб суруда шудааст. Чӣ таърихеро соҳиб аст офаридани он?

— Ин суруд тақрибан ҳашт моҳ пеш сабт шуда буд. Баъди омода шудан, онро ба якчанд дӯстону рафиқон фиристода будем. Вақте суруд паҳн шуд, чанд нафар онро дар “Ютуб” бо як акси ман гузоштанд. Хостем худамон бо ин суруд як видеоклип омода кунем ва бо гурӯҳи “Панҷшер медиа” маслиҳат карда, аз пайи кор шудем. Моҳи рамазон буду сабти клип дертар анҷом ёфт. Дар ин миён ба хотири ҷалб кардани диққати тамошобин суруди “Лайло”-ро бо як акс дар “Ютуб” нашр кардем. Баъдан, видеоклип омода шуду онро пешниҳоди мухлисон сохтем ва хушбахтона хуб пазироӣ гардид.

— Видеоклип дар куҷо сабт гардид?

— Мо наворбардориро аз куҳҳои ноҳияи Айнӣ шуруъ кардем. Ба мо дар рафти наворбардорӣ борони табиӣ лозим буд. Шаб то субҳ интизори боридани борон шудем, аммо интизориҳоямон бенатиҷа шуд. Вақте ба хона баргаштем, баногаҳ борон борид. Мо дубора бархостем ва рафтем ба наворбардорӣ.

— Садою тарзи сароидани шумо шабеҳ аст ба садои устод Давлатманд Холов. Ин бо хости худи падар буд ё таъсири омӯзиши ҳунари эшон?

— Падар ҳеҷ гоҳ нагуфтаанд, ки ба ман тақлид кун. Фақат таъкид кардаанд, ки омӯзам. Боре падарам гуфтанд, ки аз кӯдакӣ ман садоямро дар садои ту дида будаму медонистам, ки рӯзе идомадиҳандаи роҳи ҳунарии ман мешавӣ. Ба ҳамин хотир, садои ман ба садои падарам монанд аст, аммо устод ҷойи худро доранду ҳеҷ касе он ҷойро гирифта наметавонад. Ман танҳо пайрави падарам — устоди азизам ҳастам.

— Падар имрӯз аз фаъолияти шумо эҳсоси қаноатмандӣ мекунад?

— Фаъолиятамро хуб баҳогузорӣ мекунанд, хушҳол ҳам ҳастанд. Аммо то ҳол ба ман нагуфтаанд, ки офарин ба ту писарам. Барои аз устод аҳсану офарин шунидан, ҳоло заҳмати зиёд кашидан лозим. Дар хонаи мо асбобҳои мусиқӣ хеле зиёданд. Баъзан падарам бо ҳамон асбобҳояшон дар танҳоӣ суҳбат мекунанд. Як рӯз ҳамин гуна ҳарф мезадаанд, ки модарам шунидаанд. Падарам ба асбобҳояшон гуфтаанд, ки ман хурсандам, ки шумо боз як соҳиби дигар пайдо кардед. Падарам маро дар назар доштаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *