Лоиҳаи «Шаҳри бехатар» дар шаҳри Ваҳдат
Дар шаҳри Ваҳдат низ лоиҳаи «Шаҳри бехатар» амалӣ хоҳад шуд. Мирзо Исмоилзода, раиси шаҳри Ваҳдат дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки ҳоло ба Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон вобаста ба ин ҳуҷҷатҳои зарурӣ пешниҳод шудаанд.
«Ҳадаф аз ин иқдом танзими нақлиёт ва бартараф намудани дигар мушкилот аст. Кӯшиш дорем, ки лоиҳаро ҳарчӣ зудтар оғоз намоем»,- изҳор дошт Исмоилзода.
Инчунин дар нишаст зикр гардид, ки сафи соҳибкорони шаҳри Ваҳдат рӯ ба афзоиш аст. Мувофиқи омори пешниҳоднамудаи раиси шаҳри Ваҳдат Мирзо Исмоилзода, ҳоло 13356 соҳибкор дар ин шаҳр фаъолият доранд, ки аз инҳо 1264 нафар бо патент, 2272 нафар бо шаҳодатнома, 9035 хоҷагиҳои деҳқонӣ ва 785 шахсони ҳуқуқӣ мебошанд. Танҳо дар 6 моҳи соли ҷорӣ нисбат ба соли гузашта 166 соҳибкор зиёд шудаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ