Лоиқ мард буд
Устод шогирдони вафодори зиёде доранд. Аввалин шогирдашон Камол Насруллост, ки ҳама вақт хабар гирифта меистанд. Шогирди дӯстдоштатаринашон Фарзона мебошад, ки ҳама вақт занг мезананд ва ҳар вақте ки ба Душанбе биёянд, ҳатман моро хабар мегиранд. Фарзона на танҳо мисли шогирд, балки чун як фарзанди устоданд.
Суҳбат бо Зебунисо Қутбиддинова ҳамсари Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ
(Аввалаш дар шумораи гузашта)
— Пас аз сафарҳои тӯлонӣ устод Мирзо Турсунзода барои ҳамсарашон достони «Ҷони ширин»-ро эҷод карданд. Устод Лоиқ низ сафарҳои зиёд кардаанд. Оё пас аз ин сафарҳо барои шумо силсилаи шеърҳо ё рубоию дубайтиҳоро бахшидаанд?
— Дар китоби охиронашон, ки «Девони дил» ном дорад, барои ман як шеър аст. Онро ман пеш нахонда будам. Дар ин шеъраш ӯ мардонавор ба корҳои худ, ба зиндагии гузаштаи худ иқрор шудааст ва ба шакли як минатдорӣ ба ман навиштаанд. Рости гап, ҳамин китоби «Девони дил»-ро надорам, касе тақдим ҳам накард ва ҳарчанд кофтам, вале онро дастрас карда натавонистам. Вале ҳама мегӯянд, ки бисёр шеъри олиҷаноб аст, ман бошам фақат як маротиба хондам.
— Эҷодкорон зуд-зуд ошиқ мешаванд. Дар ин ҳолат шумо рашк мекардед ва агар ҳа, пас аз чанд вақт ин ҳолат аз байн мерафт?
— Албатта, вақте ки илҳоми шоирон меояд, онҳо ошиқ мешаванд, вале инҳо ишқҳои яклаҳзаинаанд, вале ишқ бисёр маънои бузург дорад. Вале як чиз аз ҳама асос буд ва ман боварии комил доштам ва ҳар лаҳза инро Лоиқ таъкид мекарданд, ки оила барои ӯ чизи аз ҳама муҳимтарин аст, фарзандон, тарбияи онҳо барояшон бисёр муҳим аст. Албатта, баъзе ҷангу ҷанҷолҳо буданд, бе ин дар зиндагӣ намешавад, оилае нест, ки ин чизро аз сар нагузаронида бошад. Вале як хислати хуби Лоиқ дар он буд, ки ҳеҷ вақт ба ин чизҳо аҳамияти калон намедоданд, ин ҳолатро дер кашол намедоданду дуюм-сеюмдараҷа ҳисоб мекарданд ва камтаракак хушомадгӯиҳои бисёр аҷиб доштанд, ки ин чизро зуд аз дили кас мебароварданд. Лутфу марҳаматҳои бисёр аҷиб доштанд. Агар бисёр қаҳр мекардем, ин хафагии мо аз се рӯз зиёд давом намекард.
— Чаро нафаре аз фарзандонатон касби падарро интихоб накарданд ё аз азобу бедорхобиҳои устод ба ин хулоса омаданд? Ё ин ки машқи шеър мекунанду инро пинҳон медоранд?
— Не, машқи шеър намекунанд, лекин шоирӣ ин касби махсус нест. Масалан, омӯзгорӣ касб аст, падари ман омӯзгор буданд, модараму аммаам омӯзгор буданд ва ман ҳам ин касбро интихоб кардам, инро метавонем касби оилавӣ гӯем. Ҳатто духтарам Сабо ҳам ҳамин касби моро интихоб намуд, Донишгоҳи омӯзгориро хатм карда, касби омӯзгориро интихоб кард. Вале шоирӣ касб нест. Ин истеъдоди худододист. Ин як чизи бисёр бузургест, ки ба гумонам аз Худованд гоҳу ногоҳ ба инсонҳо ҳамчун як туҳфаи тақдир дода мешавад. Шояд, ки ба набераҳо Худованд инро насиб донад. Писари сеюми Диловарҷон — Сафдар гоҳу ногоҳ шеъру ҳикояҳои кӯдакона менависад, ҳамин хел ҳавсала дорад, бисёр бачаи ботамкину аҷиб аст. Шояд ҳунари бобояшро ӯ идома диҳад.
— Устод Лоиқ дар шеъру шоирӣ дасти даҳҳо нафар навқаламро рост кардаву дуо додаанд. Имрӯз он шогирдон бо оилаи шумо омадурафт доранд ?
— Устод шогирдони вафодори зиёде доранд. Аввалин шогирдашон Камол Насруллост, ки ҳама вақт хабар гирифта меистанд. Шогирди дӯстдоштатаринашон Фарзона мебошад, ки ҳама вақт занг мезананд ва ҳар вақте ки ба Душанбе биёянд, ҳатман моро хабар мегиранд. Фарзона на танҳо мисли шогирд, балки чун як фарзанди устоданд. Ҳурмату эҳтиромашон дар байни шогирдонашон бисёр калон аст ва аз аҳволи хонаводаи мо доимо хабар мегиранд.
— Оё устод Лоиқ нияти навиштани хотираҳоро доштанд ва дар ин хусус боре бо шумо суҳбат карда буданд?
— Устод нияти хотиранависӣ доштанд, баъзе чизҳои навиштаашонро кам-кам қалам зада мондаанд, дафтарҳояшон, албатта, боқӣ мондаанд, баъзе суханрезаҳояшон ҳастанд, ки бояд фаромӯш нашаванд. Панҷ-шаш моҳи пеш аз маргашон Лоиқ ба ҷамъ кардани хотираҳояшон, ба ҷамъ кардани бойгониашон сар карда буданд. Пештар ба бойгониашон чандон аҳамият ҳам намедоданд. Лоиқ ба навиштани хотираҳо омода буданду лекин фурсат имкон надод, ки ин нияти худро амалӣ гардонанд.
— Чанд сол пеш дар шаҳри Хуҷанд осори дуҷилдаи устод ба табъ расид. Гумон мекунам, ки дар он на ҳамаи ашъорашон ҷой дода шудааст. Оё фарзандон, шогирдон ё дӯстдорони ашъори устод нияти ба таври мукаммал чоп кардани ашъори ӯро доранд?
— Куллиёти ишоракардаи шумо як ҷилд асту дар ду китоб чоп шудааст ва дар он фақат шеърҳо ҷой дода шудаанд. Эҷодиёти Лоиқро албатта, фақат шеърҳо ташкил намедиҳанд. Лоиқ рӯзноманигор ҳам буданду дар рӯзномаву маҷаллаҳо кор кардаанд. Ҳар як мақолаи ӯ хусусияти махсусеро дорад ва қимати худро имрӯз ҳам гум накардааст, тақризу публистикаи зиёде доранд. Мо бисёр чизҳоро ҷамъ оварда натавонистем. Ромишҷон хурд буданд ва Лоиқ мудом мегуфтанд, ки «Оқибат меросдори ман ҳамин мешавад». Пеш аз вафоташон ҳам бойгониашонро ҷамъ мекарданду ба Ромиш «Ин ҳамаро ман барои ту ҷамъ мекунам, оянда агар ҳамин чизҳои маро фурӯшӣ, миллионер мешавӣ»,- гуфта шӯхӣ ҳам мекарданд. Ромишҷон бо ҳамроҳии хоҳарзодаи Лоиқ — Баҳриддин Алавӣ ҳамаи осори устодро бори дигар аз назар гузарониданд, баъзе шеърҳои чопнашударо ворид намудаву куллиётро ба чоп омода карданд. Ҷилди дуюми ҳамин куллиёт мақолаву суханрезаҳо, тақризу андешаҳои устодро дар бар мегирад, ки баъзеи онҳо бори аввал нашр мегарданд.
— Барои иншои шеъре ё байте устод зиёд шабзиндадорӣ кардаанд. Дар сари гаҳвораи фарзандон низ шабзиндадорӣ кардаанд?
— Ин хел ҳолатҳо зиёд буданд. Мо соҳиби 5 фарзандем, вале Ромиши мо чунин хислат дошт, ки шабҳо хоб намекард, ҳамагӣ шабона 15-20 дақиқа хоб мерафту вақти боқимондаро ба бозикунӣ мегузаронид, гиря намекард, лекин бозиро дӯст медошт. Азбаски Лоиқ бештар шабона эҷод мекарданд, дар ин ҳолатҳо ба ман мегуфтанд, ки «Акнун навбати бачапоиро ба ман деҳу рафта каме дам гир, ман бо Ромишҷон машғул мешавам». Падараш шеър эҷод мекарданду дар паҳлуи он кас Ромишҷон ҳам ба шуғле банд буд. Аввалҳо ман дар синфҳои ибтидоӣ кор мекардам ва ҳар вақте ки бачаам касал мешуданд, ман варақаи корношоямӣ гирифтанӣ мешудам, Лоиқ мегуфтанд, ки «Биё ҳамин варақаро нагиру ба кор рав, ман кӯдакро нигоҳубин мекунам, зеро хонандагони синфи якум агар аз дасти як муаллима ба дасти дигар муаллим зуд-зуд гузаранд, саводи казоӣ намегиранд ва муҳим аст, ки хишти аввалро дуруст гузоранду бачаҳои мардум бесавод намонанд, чунки онҳо ба ту бовар кард, фарзандонашонро супурдаанд ва ту бояд ин умеди онҳоро барбод надиҳӣ». Ҳолатҳое мешуданд, ки худашон бачаҳоро ба духтур мебурданд, нигоҳубин мекарданду ман ба кор мебаромадам. Умуман аз ин ҷиҳат одами мефаҳмидагӣ буданд ва медонистанд, ки кори давлат ҳам чун кори оила бисёр муҳим аст.
— Хӯроки дӯстдоштаи устод кадом буд ва оё боре ба таоми пухтаи шумо чун ба шеърҳои навқаламон эрод гирифта буданд ?
— Бисёртар ба оши палав эрод мегирифтанд. Мегуфтанд, ки дар ҳеҷ куҷои олам оши палавро чун дар чойхонаю маъракаҳои шаҳри Панҷакент ин қадар бомаза намепазанд. Ҳар сол, ки ба Панҷакент мерафтанд, аввал ҳатман дар чойхона оши палав мефармуданд
— Мегӯянд, ки устод гоҳ-гоҳ замзама ҳам мекарданд?…
— Устод бештар сурудҳои классикиро замзама мекарданд. Худашон мегуфтанд, ки ман овоз надорам ва он қадар сурудро намефаҳмам, лекин вақте ки кас суруд мехонд, камбудии онро ёфта метавонистанд. Хусусан, вақте ки Афзалшоҳ суруд мехонд, завқашон меомаду ба қавле сари овози ӯро мегирифтанд, бо ҳамроҳии Муродбек Насриддин ҳам месароиданд. Лоиқ замзама карданро дӯст медоштанд.
— Суҳбати имрӯзаи мо шояд аз садҳо ҳазор як пораи хотироти рӯзгори якҷояи шумо бо устод Лоиқ бошад. Ин хотираҳоро нияти навиштан доред?
— Ин ниятро, албатта, дорам. Нависанда Насим Раҷаб гаштаю баргашта ба ман таъкид мекунанд, ки хотираҳоро дар бораи устод Лоиқ бояд нависед, чунки аз шумо дида касе беҳтар устодро намедонад. Ҳатто ду дафтар ба ман тақдим карда, дар пешам вазифа гузоштанд, ки хотираҳоямро дар бораи Лоиқ нависам. Ман ин ниятро дорам. Албатта оғози ҳама кор душвор аст. Вале ман боварӣ дорам, ки шогирдону ҳамкасбони устод Лоиқ дар ин кор ба ман кумаки худро дареғ намедоранд ва он рӯз дур нест, ки ин хотираҳо дастараси хонандагон ва муштоқони эҷодиёти Лоиқ гардад.
Мусоҳиб:
Ҷумъаи МИРЗО,
рӯзноманигор
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ