Маликаи рақси рӯйи ях бо ҳиҷоб ба майдон мебарояд

Зуҳро Ларӣ нахустин варзишкори рақс рӯи ях аст, ки Амороти Муттаҳидаи Арабро дар мусобиқаҳои байналмилалӣ муаррифӣ кардааст

Боре шунида ё дидаед, ки бонувони мусалмони араб дар мусобиқаҳои байналмилалии варзиш иштирок карда бошанд? Нашунидаед? Дар хотир надоред?

Ба ҳар сурат, ин рӯйдоди боварнакарданӣ чанде пеш ба вуқӯъ омад! Ба шарофати варзишгар Зуҳро Ларӣ аз Амороти Муттаҳидаи Араб аввалин кишвари Шарқи Наздик ба шумор меравад, ки дар International Skating Union (Иттиҳодияи ҷаҳонии скейт) узвияти доимиро ба даст овард.

Зуҳро Ларӣ нахустин варзишкори рақс рӯи ях аст, ки Амороти Муттаҳидаи Арабро дар мусобиқаҳои байналмилалӣ муаррифӣ кардааст. Расонаҳои хабарӣ Зуҳроро бо номи «маликаи рақс рӯи ях бо ҳиҷоб» ба мухлисони арзиш шиносонданд. Ба хотири ин бонуи варзишгар International Skating Union  ба қоидаҳои худ тағйирот ворид кард. Қаблан, дар ин варзиш доштани сарпӯш,  хатаровар маънидод мешуд. Вақте ки Зуҳро бори аввал соли 2011 дар Ҷоми Аврупо, ки онро кишвари Италия баргузор  намуд, доварон холҳои ӯро барои доштани ҳиҷоб кам карданд. Аммо баъд аз гузашти вақт вазъ тағйир ёфт ва ҳоло Зуҳро Ларӣ метавонад бемамониат  бо ҳиҷоб дар мусобиқаҳо ширкат намояд. ISU маҳз барои ҳамин варзишкор қоидаҳои худро тағйир дод.

Ин дастоварди Зуҳро шояд барои бонувони мусалмони дигар кишварҳо, аз ҷумла Тоҷикистон, намунаи ибрат пазируфта шавад?

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *