Лолаи Саидакбар: Либоси миллӣ.Таблиғ ё таҳқир?
Як моҳи охир дар шабакаҳои иҷтимои ва телевезион фақат таблиғи либоси милли мерафт. Мақолаҳои баъзе хонумҳоро дар «Фейсбук» мехондаму ба сураташон нигариста, ҳайрон мешудам. Бо либоси аврупои, лабу миҷгони сунъиву абрувони «чингизи» моро бовар мекунонданд, ки ба либоси милли меҳр доранд…
Тоҷик аз азал ошиқи хуршеду моҳ ва зебоиҳои табиат буд, чун ба нақшҳои куртаҳои чакану сўзанию бардевориҳо менигарем, дар онҳо табиат бо ҳама зебогиҳояш ба ҷилва омадааст ва нақши моҳу хуршеди нурафшон рамзи асосии гулдўзиҳои тоҷики аст.
Имрўз ҷои атласи хушрангу гўлдузиҳои зебо духтарони мо либосҳои сиёҳеро ба бар мекунанд, ки дар дигар манотиқи ҷаҳон рамзи мотам ҳастанд. Бовар кунед, тоҷик ҳатто дар рўзи мотам ҳам либоси сиёҳ ба бар намекард! Дар куҳистони Тоҷикистон то ҳол мардум ба рамзи азодори рўймоли сафед ва куртаҳои оддии сабзу кабуд ба бар мекунанд, зеро сиёҳ рамзи бади, ваҳшату ҷангу моҷаро аст. Имрўз ҷавондухтарони аз сад гулашон як гулаш нашукуфта сар то ба по сияҳпўшанд, ки ин хеле зишт ба назар мерасад. Ёд дорам, модаркалонҳои мо ба арўсакони ҷавон пўшидани либосҳои кабуду сабзи сияҳфомро низ иҷозат намедоданду онро хоси занони синну солашон рафта медонистанд. Аз ин рў, мо бояд одатҳои хуби бибикалонҳои хешро фаромўш насозем.
Имрўз касоне ёфт мешаванд, ки худро тарроҳу мӯдшинос унвон карда, матоъҳои миллии моро таҳқир мекунанд. Чун мебинам, ки ҳунарманди ҷавоне бо куртаи остинкандаю «шорти»-и почакандаи атлас рўйи саҳна мисли бузаки ҷингилапо аз ин тараф ба он тараф медавад, сахт малул мешавам, зеро ин на тарроҳи, балки таҳқири ин матои зебост. Ё аз ин бадтараш, болои бардевории чакан баромада, суруд мехонанд. Чакан ҳеҷ гоҳ зери по набуд, онро бо муҳаббату эҳтиром дар бари девор меовехтанд.
Кўрпачаю болиштҳои гулдўзи бошанд, нақшҳои ба худ хос доранд. Атлас зебандаи куртаи миллии тоҷикист ва танҳо дар ҳамин дӯхт ба ҳусни дилбарони тоҷик ҳусни дигар зам мекунад. Байни тарроҳон озмунҳои зиёде гузаронида мешаванд ва дар аксар ҳолатҳо ба ин гуна озмунҳо либосҳое пешниҳод мешаванд, ки бўи миллияту тоҷикият надоранд, аммо боз онҳо сазовори ҷоиза ҳам мешаванд. Гумон мекунам, ки занони ҳунарманд дар минтақаҳои гуногуни кишвар хеле зиёданд, вале онҳо имкони пешниҳоди либосҳои офаридаи худро надоранд. Аз ин рў, масъулини шаҳру ноҳияҳоро зарур аст, ки ба ин гуна соҳибҳунарон ёрии худро дареғ надошта, намоиши либосҳои дӯхтаи эшонро ташкил кунанд. Ин ҳам кумак ба як ҳунарманд мешаваду ҳам ҷонибдори аз сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати кишвар, ки ташкили корхонаҳои хурдро як омили аз байн бурдани бекори дар байни бонувони кишвар арзёби кардааст.
Агар мо инқадар мехоҳем, ки занон ба либоси милли майл кунанд, чаро байни муаллимон либоси ягонаи кори муайян кардем? Хеле хуб мешуд, ки ба муаллимон иҷозат дода шавад, то либоси милли ба бар кунанд. Чаро? Чунки маҳз онҳо метавонанд барои шогирдон намунаи ибрат бошанд.
Лолаи САИДАКБАР
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ