Асрорзода

Асрорзода таҷрибаи макотиби олии Лондонро дар Душанбе амалӣ мекунад

Ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон  Убайдулло Асрорзода ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар соҳаи маориф дар Британияи Кабир қарор дорад.

8 –уми ноябр ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон  Убайдулло Асрорзода дар шаҳри Лондон бо роҳбарияти Иттиҳодияи коллеҷҳои «HRUC»- и шаҳри Лондон (Ҳарроу, Ричмонд ва Аксбриҷ) мулоқот анҷом додааст.

Зимни мулоқот масоили мубрами ҳамкориҳои дуҷониба дар самти омодасозии муштараки кадрҳо, таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак, роҳандозии машғулиятҳои маҷозӣ ва ҳузурӣ, баргузор намудани чорабиниҳои илмии муштарак мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Лозим ба ёдоварист, ки вохӯриву мулоқоти раёсати донишгоҳ бо муассисаҳои таълимӣ дар  шаҳри Лондони Британияи Кабир идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *