lRS: Бархӯрди беадабона дар нуқтаи пардохти маблағҳо
Дар нуқтае, ки аз ҷониби IRC дар наздкии дехаи Зиддӣ таъсис дода шудааст, ронандаҳо дучори мушкилот ва бархурди нодурусти кормандони ин ширкат мегарданд. Кормандони ин ширкат ҳатто аз дашном додани ронандаҳо худдорӣ намекунад. Ин нуқтаи пардохти маблағи роҳ тақрибан ҳудуди 100 метр дуртар аз нақби дӯстӣ қарор дорад. Соат ҳануз ҳашти шом нашудааст, вале мошинҳо дар дохили нақб катор катор истодаанд. Вакте, ки мо ба хазина наздик шудем корманди он ноӯҳдабароëна вазифаи худро иҷро мекард, вакти зиëди ронандаҳоро мегирифт. Мо пешаки маблағи роҳ 14 сомону 20 дирамро омода кардем ва умед доштем, ки моро зуд ҷавоб медиҳад. Вале боз хам корманди lRS кашолкори мекард. Ба саволи ронанда, ки чаро кашолкори мекуни ӯ бо лаҳни дағалона «Иди на х…» Оë дар чунин ширкати бонуфуз кор кардани чунин шахсони беадаб қобили қабул аст? Магар IRS наметавонад шумораи кормандонашро дар ин нуқта зиëдтар кунад то ки мардум дучори мушкилот ва бархӯрди беадабона нашаванд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ