Ҳайкали Хайёмро дар Астрахан гузоштанд

 Аввалин муҷассамаи шоири форсу тоҷик Умари Хайём дар Русия дар шаҳри Астрахан гузошта шуд. Ҳайкал дар боғи донишҷӯёни донишгоҳи давлатии Астрахан дар рӯ ба рӯи шоири туркман Махтумқулӣ Фраги гузошта шудааст.

Чуноне хадамоти матбуоти губернатори вилояти Астрахан иттилоъ медиҳад, муҷассама аз ҷониби губернатори минтақа Александр Жилкин ва генерал губернатори вилояти Гилон Муҳаммад Алӣ Наҷафӣ ифттитоҳ гардид.

Ёдгории шоири барҷастаи ҷаҳонӣ бо ибтикори палати савдо, захираҳо ва кишоварзии вилояти Эрон, ки бо Астрахан муносибатҳои гуногунҷабҳаи таърихӣ доранд, омода карда шудааст.

Муҷассамаи шоир ва олими нотакрор бо вазни 1,5тонна ва баландии 4,3 метр дар Екатеринбург бозсозӣ шудааст. Муаллифи ёдгорӣ ҳайкалтарош аз Челябинск Сергей Воробёв буда, бино ба гуфти ӯ муҷассама дар давоми ҳафт моҳ омода шудааст.

Дар ҳоли ҳозир ҳайкали шоиру олими нотаркрори форсу тоҷик Умар Хайём дар баробари  Астрахан ҳамчунин дар Теҳрон, Душанбе, Ашқобод, Бухарест, Вена ва дигар манотиқи ҷаҳон қомат афрохтааст.

Ҳамчунин моҳи июни соли 2009 ҳукумати Эрон маҷмуаи ҳайкалҳои шоирони форсу тоҷик Умар Хайём, Ибни Сино,Закариё Розӣ ва Абурайҳон Беруниро, чун разми пешрафти илмии мусоламатомез бо қароргоҳи СММ дар шаҳри Вена тӯҳфа кардааст.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *