Лукашенко бо рақибонаш дар маҳбас суҳбат кард
Ҷонибҳо тавофуқ кардаанд, ки муҳтавои суҳбат махфӣ боқӣ бимонад.
10 октябр президенти Беларус Александр Лукашенко дар боздоштгоҳ (СИЗО)-и КГБ бо роҳбарони то ва баъди интихобот зиндонишудаи оппозитсия мулоқот кардааст. Дар ин бора Telegram-канали ба матбуоти давлатӣ ва хадамоти матбуоти Лукашенко наздики «Пул Первого» хабар дод. Дар акси нашркардаи ин пойгоҳи хабарӣ ба ҷуз аз Лукашенко боз 12 нафари дигар дида мешаванд. «Пул Первого» хабар дод, ки Лукашенко бо маҳбусон чоруним соат суҳбат кардааст, «то ки ақидаи ҳамаро шунавад». Лукашенко дар ин мулоқот гуфтааст, ки «Конститутсия дар кӯча навишта намешавад». «Пул Первого» хабар дод, ки ҷонибҳо тавофуқ кардаанд, ки муҳтавои суҳбат махфӣ боқӣ бимонад. Дар пасманзари ин мулоқот рӯзи 10 октябр ба Светлана Тихановская – рақиби асосии Лукашенко дар интихоботи президентии рӯзи 9 август – бори аввали иҷозат доданд, то бо шавҳараш Сергей Тихановский, ки аз моҳи май дар ҳабс қарор дорад, телефонӣ суҳбат кунад. Тихановскаяро баъди интихобот маҷбур карданд, ки тарки Беларус кунад ва ба Аврупо паноҳ барад.
Лукашенко, ки аз соли 1994, инак 26 сол боз роҳбарии Беларусро дар даст дорад, худро ғолиби интихоботи 9 август эълон кард, вале мухолифин ва ҳамин тавр, кишварҳои Ғарб пирӯзии ӯро эътироф накарданд ва инак ду моҳ боз дар Беларус эътирозҳои густарда бо талаби истеъфои Лукашенко идома дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ