Мӯҳсин Муҳаммадиев дар даҳгонаи беҳтарин легионерҳои Осиёи Марказӣ
Гуфта мешавад, ки дар даҳгонаи беҳтарин легионерҳои Осиёи Марказӣ дар таърихи мусобиқоти қаҳрамонии футболи Россия се дастпарвари футболи тоҷик – Игор Черевченко, Рашид Раҳимов ва Мӯҳсин Муҳаммадиевро шомил шудаанд. Дар ин бора хабар медиҳад сомонаи “Чемпионат”.
Сомонаи мазкур даҳгонаи беҳтарин легионерҳои Осиёи Марказӣ дар таърихи мусобиқоти қаҳрамонии футболи Русияро тартиб додааст. Дар ин даҳгона 4 нафар аз Ӯзбекистон, 3 нафар аз Тоҷикистон, 2 нафар аз Қазоқистон ва як нафар аз футболи Туркманистон интихоб шудаанд.
Мирҷалол Қосимов аз Ӯзбекистонро, ки дар байни мухлисон бо лақаби «Марадонаи ӯзбек” маъруф буд, дар ин даҳгона дар ҷои аввал гузошта, беҳтарин легонери Осиёи Марказӣ дар футболи Россия номаш бурдааст. Мирҷалол Қосимов дар ҳайъати «Алания”-и Владикавказ ва «Криля Советов”-и Самара дар маҷмӯъ 174 маротиба ба майдон баромада, 39 гол задааст.
Вале сабаби асосии шӯҳрати ӯ, албатта, ҳунарнамоӣ дар ҳайъати тиллоии «Алания” ба раҳбарии Валерий Газзаев дар ибтидои солҳои 90 буд, ки ин тим тавонист монополияи бошгоҳҳои Маскав ба мақоми қаҳрамониро шикаста, ду дафъа қаҳрамони футболи Россия шавад. Аз ҷумла бо шарофати бозии «Марадонаи ӯзбек.”
Ҷои дувуми даҳгонаи беҳтарин легионерҳои Осиёи Марказиро ба Владимир Нидергаус, ҳамлагари шӯҳратёри дастаи «Ротор”-и Волгоград ва тими миллии Қазоқистон дода, дар мақоми сеюм Владимир Хомуха аз Туркманистонро гузоштааст.
Дар мақоми чоруми ин даҳгона Рашид Раҳимов, дастпарвари «Помир”-и Душанбе ҷой гирифтаст. Рашид Раҳимов, ки дар Душанбе бо лақаби «Садди Искандарӣ” маъруф буд, дар чемпионати Россия ҳамагӣ 40 бор ба майдон баромад, вале тавонист ду дафъа дар ҳайъати «Спартак” унвони қаҳрамонӣ ва дар соли 1992 Ҷоми Иттиҳоди Шӯравиро ба даст биорад.
Ин сифатҳо ҳоло ба ӯ дар фаъолияташ ҳамчун мураббӣ кумак мекунанд.”
Дар мақоми панҷуми даҳгонаи «Чемпионат” Одил Ахмедов аз Ӯзбекистон меояд ва дар ду ҷои баъдии 6 ва 7-ум «Чемпионат” боз дастпарварони футболи тоҷик Игор Черевченко ва Мӯҳсин Муҳаммадиевро гузоштааст.
Игор Черевченко, писари капитани маъруфи «Помир”-и Душанбе Геннадий Черевченко, дар ҳайъати «Локомотив”-и Маскав ду дафъа нишони нуқра ва 4 дафъа Ҷоми Россияро ба даст овард ва ду навбат дар рӯйхати 33 бозигари беҳтарини соли Русия роҳ ёфт. «Чемпионат” менависад, «магар голи дар Ҷоми қаҳрамонҳои Аврупо ба дарвозаи «Реал”-и Мадрид задаи Черевченкоро ҳам метавон фаромӯш кард?”
Аммо Мӯҳсин Муҳаммадиев дар мусобиқоти қаҳрамонии футболи Руссия 152 бор ба майдон баромада, 44 гол задааст. Муҳаммадиев ҳамин тавр, ҳамагӣ як дафъа дар ҳайъати тими миллии Россия бозӣ карда, тавонистааст дар ин бозӣ низ гол бизанад. Мӯҳсин Муҳаммадиевро як футболбози нодир номидааст.
Дар се мақоми охирини даҳгонаи беҳтарин легионерҳои Осиёи Марказӣ дар футболи Россия Сергей Тимофеев аз Қазоқистон ва Виталий Денисов ва Андрей Фёдоров аз Ӯзбекистонро ҷой додааст.
Аммо шӯҳрати футболи Осиёи Марказӣ дар Россия зоҳиран имрӯз ба гунае нест, ки дар солҳои 90 буд. Аз ин даҳгонаи беҳтарин легионерҳо низ аксараш дар солҳои 80 ва 90 бозӣ мекарданд ва кайҳо пойяфзорҳои худро ба девор овехтаанд.
Манбаъ: varzishtv.tj
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ