Мӯҳсин Муҳаммадиев — футболбози мунтахаби ситораҳои ҷаҳон

Мӯҳсин Муҳаммадиев, футболбози машҳури тоҷик, дар мусобиқаи байналмилалии EXPO-2017 Football Cup, ки рӯзҳои 5-6 август дар Остона, пойтахти Қазоқистон, баргузор шуд, дар ҳайати  мунтахаби ситораҳои ҷаҳон бозӣ кард.

Бинобар иттилои шореҳи варзиш Нарзулло Латифов, дар мусобиқаи байналмилалии EXPO-2017 Football Cup ситораҳои футболи солҳои 1990 ва 2000-ум ширкат доштанд. Ин мусобиқа дар «Остона Арена» бо иштироки шаш даста дар ду гурӯҳ сурат гирифт. Ба гурӯҳи “А” Олмон, Қазоқистон ва мунтахаби ҷаҳон, ба гурӯҳи “В” Италия, Португалия ва Русия дохил буданд. Ҳар як бозӣ аз ду қисми 20-дақиқагӣ иборат буд. Ба ҳайати ибтидоии дастаҳо шаш нафар дохил мешуданд.

Ғолибони гурӯҳҳо – мунтахаби ҷаҳон ва дастаи Русия – рӯзи 6-уми август барои ҷойи аввал мубориза бурданд. Бозии ниҳоӣ бо пирӯзии русиягиҳо бо ҳисоби 7:4 ба анҷом расид. Дар ҳайати дастаи ғолиб Роман Широков, Евгений Алдонин ва Виктор Булатов дуголӣ заданд. Як голи дигарро Дмитрий Сенников ба самар расонд. Голҳои мунтахаби ҷаҳонро фаронсавӣ Венсан Кандела, Азамат Абдураҳимов узбакистонӣ ва фин Яри Литманен ба ҳадаф расонданд.

Барои ҷойи севум мунтахаби Португалия дастаи Қазоқистонро бо ҳисоби 13:7 шикаст дод. Ба ин тартиб, Португалия севум, Қазоқистон чорум, Италия панҷум ва Олмон шашум шуданд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *