М.А. ба мақсад нарасид

Шаҳрванди 33-солаи ҷумҳурӣ М.А. мехост, ки 2,5 миллион рубли русиро ғайриқонунӣ, бидуни пур кардани эъломия ва санади тасдиқкунанда бо роҳи ҳавоӣ ба Россия барад. Вале ин амали ғайриқонунии ӯ аз ҷониби кормандони мақомоти гумрук ва Прокуратураи нақлиёти кишвар ҳангоми гузаронидани назорати гумрукӣ дар бағоҷ ва бори дастии мусофирони хатсайри Душанбе -Москва дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ошкор гардид.
Аз маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  иттилоъ додаанд, ки шаҳрванд М. А. бо ин амали худ сӯиқасд ба ҷинояти тибқи моддаи 289 қисми 2 — и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда, яъне аз сарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидани мол ё дигар ашёҳо ба миқдори калон бо роҳи пинҳонӣ аз назорати гумрукӣ ва декларатсия накарданро содир намудааст.
Манбаъ иттилоъ медиҳад, ки нисбат ба шаҳрванд М. А. бо моддаҳои 32 қисми 3 ва 289 қисми 2- и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, ба Прокуратураи нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардидааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *