Ҳарорати ҳаво то 41 дараҷа гарм мешавад

Имрӯз, 21 июл дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбанда боқӣ монда, дар баъзе минтақаҳо ҳарорат ба 41 дараҷа мерасад.
Мувофиқи маълумоти мутахассисони Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда шуда, ҳарорат дар ғарби вилоят 29-34 дараҷа ва дар шарқи он  19-24 дараҷаро ташкил медиҳад. Дар вилояти Хатлон дар водиҳо 36-41 дараҷа гарм мешавад. Дар вилояти Суғд ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ шуда, гармии аз 34 то 39 дараҷа дар назар дошта шудааст.
Дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрнок гардида, ҳарорат дар водиҳо ба 34-39 дараҷа мерасад. Дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбанда шуда, ҳарорат 35 – 37 дараҷаро ташкил медиҳад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *