Мӯъҷиза: Инкишофи тифл дар маҳватаи шикам (Брюшная полость)

Вақте,ки ин зани 31 сола ба беморхонаи маҳаллии шаҳри Барнаул муроҷиат кард вай аллакай дар 41-ум ҳафтаи ҳомилагӣ қарор дошт. Вай танҳо мехост аз ташхиси ултросадои гузашта аз табибон бифаҳмад, ки тифли ӯ сиҳату солим аст ё на. Вале он ҳодисае,ки баъдан сурат гирифт ин зан ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳад кард.

Зан иқрор кардааст,ки аз авали ҳомилагиаш то ҳол ягон маротиба ба духтурон муроҷиат накардаасту аз ягон намуди ташхис нагузаштааст, вале чун дар ҳафтаи 41 ум яъне вақти валодат қарор дошту тифл ҳеҷ ҳаракати ба дунё омаданро намекард маҷбӯр шудааст  ба бемористон ояд.

 Вақте духтурон ташхис гузаронданд наметавонистанд ба чашми сари хеш бовар кунанд,зеро тифл на дар бантни модар балки дар маҳватаи шиками вай (Брюшная полость) ҷойгир шудаву инкишоф ёфта буд. Фоизи имконияти зиндамондан дар чунин ҳолатҳои ҳомилагӣ хело паст аст танҳо дар ҳолатҳои алоҳида имконияти солим тавлид шудани тифл мавҷуд аст.

 Духтурон ягон дақиқаро аз даст надода, модари ҷавонро ба ҷароҳӣ равон карданд. Ҳомилагии берун аз бачадонро ҳамеша хатари зиёде ҳамроҳ аст махсусан барои тифл. Дар тамоми ҷаҳон ҳамагӣ 9 ҳолати солим ба дунё омадани тифлон аз чунин ҳомилагӣ бақайд гирифта шудаанд. Барои то ҳадди ақал безарар гирифтани кӯдак аз аз маҳватаи шиками модар бояд амали ҷарроҳӣ гузаронида мешуд.

Дар чунин амалиёти мураккаб ҳам ҷони  модар ва ҳам тифл  зери хатари бузург қарор доранд, зеро бартарафнамудани ҳамроҳак метавонад боиси хунравии зиёд гардад,ва ин ба оқибатҳои марговар оварда расонада метавонад. Ҷароҳӣ ду соат давом кард. Вақто,ки духтурон кори худро мувафақона анҷом доданд боз ҳам зиёдтар ҳайратзада шуданд, зеро духтарча на танҳо нафас мекашид.балки пурра ташакул ёфта ва солим буда, аллакай 4 келограм вазн дошт.

Модари аз чунин ҳолат мағрур гашта қарор дод,ки ба духтарчааш номи махсус гузорад- Вероника,ки маънои ғолибро дорад. Ин ҳодисаи ғайри оддӣ зуд дар ҳаммаи ҷумҳурӣ паҳн гашт. Чунин ҳолате,ки новобаста ба ҳаммаи мушкилоти мавҷуда ин табибони мӯъҷизакор тавонистанд ҷони худаш ва духтарчаашро наҷот диҳанд нигоҳи модари ҷавонро ба тибби муосир ва табибон ба кулли тағир додаст ва ӯ ваъда кардааст,ки маротибаи дигар вақте ҳомила мешавад ҳатман аз аввал сари вақт  ба табибон муроҷиат хоҳад кард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *