Ҳашари дастаҷамъонаи ҷавонон

Бинобар иттилои Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ  3-4 июни соли равон бо роҳбарии раиси Кумитаи мазкур Аҳтам Абдуллозода дар доираи “Соли ҷавонон” дар кӯчаи Гагарини шаҳри Душанбе ҳашари дастаҷамъона гузаронида шуд.

Кормандони худи Кумита, омӯзгорону донишҷӯёни Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ, Коллеҷи тарбияи ҷисмонӣ, волонтёрон ва дигар зерсохторҳои Кумита баҳри  татбиқи Қарори раиси шаҳри Душанбе аз 06.02.2017, “Дар бораи эълон намудани 150 рӯзи ободонию созандагӣ, ниҳолшинонию кабудизоркунӣ” бо амри дил дар ин шанбегӣ саҳм гузоштанд. Онҳо замини бекорхобидаи назди таваққуфгоҳи нақлиётҳои мусофирбарро дар кӯчаи Гагарини пойтахт ба тартиб дароварда, саҳни онро аз сангу шағал, ашёҳои фарсуда тоза карда, ва қитъаи заминашро нарм намуданд. Дар назар аст, ки ин маконро барои истироҳати сокинон ба гулгашт табдил медиҳанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *