М. Ҳусейнзода бо Ҳ. Грэн вохӯрд
15 августи соли 2015 мулоқоти Муовини Вазири корҳои хориҷӣ М. Ҳусейнзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Олмон дар Тоҷикистон, кишвари раисикунанда дар Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) Ҳ. Грэн баргузор гардид.
Зимни мулоқот ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Олмон, аз ҷумла дар чаҳорчӯби САҲА ва ширкати Тоҷикистон дар чорабиниҳои дарпешистодаи Созмон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҷонибҳо инчунин оид ба густариши ҳамкории иқтисодӣ ва муҳитизистӣ дар минтақаи САҲА мубодилаи афкор карданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ