Муҳоҷирони меҳнатӣ кам мешаванд

Дар 7 моҳи соли равон 348 ҳазору 267 нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷи кишвар сафар намуданд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 9 фоиз кам мебошад. Аз ин шумора қариб 47 ҳазор нафарро занҳо ташкил медиҳанд.
Бино ба маълумоти  сармутахассиси Шуъбаи таҳлил ва маълумотдиҳии Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Рухшона Ёрмамадова, дар айни замон ба минтақаҳои гуногуни Федератсияи Русия 340 ҳазору 971 нафар,  ба ҷумҳурии Қазоқистон  7 ҳазору 296 нафар шаҳрвандони мамлакат ба муҳоҷирати меҳнатӣ сафар намудаанд.
Дар 7 моҳи соли ҷорӣ ба хориҷи кишвар бо корҳои шахсӣ, тиҷорат, саёҳат, сафари хизматӣ ва таҳсил 396 ҳазору 373 нафар шаҳрвандони мамлакат сафар намудаанд, ки  нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 11 фоиз кам мебошад.
Дар ин муддат аз муҳоҷирати меҳнатӣ ба ватан 193 ҳазору 768 нафар сокинони ҷумҳурӣ баргаштанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 10 фоиз кам мебошад. Аз он 35 ҳазору 800 нафарро занҳо ташкил медиҳад.
Бояд гуфт, ки баҳисобгирии рафти  шаҳрвандон ба хориҷа ва бозгашт аз он дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2008 амалӣ карда мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *