Мақсудзода: Беш аз 5 млн маблағи суғуртавӣ пардохтем
Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷиксуғурта» ба шахсони хуқуқию воқеие, ки ба молу амвол ва ҳаёту саломатиашон зарар расидааст, дар соли 2022 дар ҳаҷми 5 миллиону 878 ҳазор сомонӣ маблағи суғуртавӣ пардохт намудааст.
Дар ин бора директори корхонаи мазкур Шуҳрат Мақсудзода зимни нишасти матбуотӣ хабар дод. Ба гуфти номбурда, дар соли сипаригардида “Тоҷиксуғурта” бо шахсони ҳуқуқию воқеӣ дар маҷмуъ 565 ҳазору 922 адад шартномаи суғуртавӣ ба имзо расонидааст.
Қайд карда шуд, ки аз ҳисоби шартномаҳои басташуда ба корхона 40 миллиону 838 ҳазор сомонӣ маблағ ворид гардида, иҷрои нақшаи солона 125,3 дарсад таъмин карда шуд.
Аз шумораи умумии шартномаҳои басташуда ба маблағи 37 миллиону 446 ҳазор сомонӣ, яъне 91,7 дарсад маблағи умумии воридгардида ба шакли ихтиёрии суғурта рост меояд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ