страховка

Суғурта дар хоб баъди раҳоӣ аз зуком

Салом устод Ҷумъазода! Чанд вақт боз зуком будаму бехобӣ мекашидам ва хоб ҳам надидам. Дишаб сахт хобам бурдаасту силсилахоб дидам. Аммо, фикр намекунам, ки он хоби ошуфта буд. Дилам гувоҳӣ медиҳад, ки хобам ҳатман таъбиршаванда аст.

Шумо пайваста кинояву пичинг мезанед, ки гӯё фақат хӯрданӣ хоб мебинам. Аммо, тавре гуфтам, ин дафъа хобам силсилахоб буд ва албатта, хӯрданӣ не, мисли ҳо ҳамон оҳангу сурудҳое, ки бисёр сарояндаҳоямон “микс” мекунанд ку…

Хоб дидам, ки паси чанбараки мошини хориҷӣ роҳи деҳаро нишеб мешавам. Роҳи хамгашти поёни деҳа сип-сиёҳ аст. Барои он, ки мардуми хонаҳояшон канори роҳ хокистари печкаҳоро пошидаанд, то яхи ин рӯзҳои сардро об кунанд ва мошинҳо налағжанд. Аз оинаи мошин сар берун ва ба нафаре, ки ҳамин ҳоло хокистарро партофтаву тағорааш таҳи каш ҷониби хонааш шитоб дорад, хитоб мекунам:

— О, майдаи ангиштро дар роҳ рехтед ку!

— Ҳеҷ гап не, бало ба пасаш, бе ин ҳам кор намеояд, намесӯзад,- даст афшонд бепарвоёна.

“Содироти ангиштро ба дигар кишварҳо манъ кардему дар бораи сифат фикр накардем”,- меандешам ба худ ва суръати мошинро метезонам. 400-500 метр поинтар, дар хамгашти дигари роҳ, ки гардиш ҳам дорад, дигар мошинро идора карда наметавонам. Мошин рӯйи яхи кабуд лағжидаву ин канору он канори роҳ алвонҷ хӯрда, бабах! Он ба мошини хориҷии дигар, ки аз самти муқобил ҳаракат дорад, бармехӯрад. Ҳам он мошин ва ҳам мошини таҳти идораи ман лағшидаву яхро харошида, аз роҳ мебароянд ва ба қатори дарахтони ар-ар бармехӯранд. Дарахте чаппа мешавад. Аз оташаки ба ҳам соидани ду мошин аланга бархоста, ба дарахти чаппашуда мечаспад. Дарахт оташ мегирад.

Чанд нафар пиёдагард, ки аз сардӣ дастҳояшон сурху кабуд шудааст, назди дарахт метозанд. Дастҳояшонро дар гулхани дарахт гарм мекунанд. Ҳатто як нафарро мебинам, ки аз миён табарчае кашидаву ба буридани дарахти дигар оғоз мекунад.

— Чӣ мекунӣ он дарахтро бурида?,- савол медиҳад нафари дигар.

— Хона мебарам, кӯдакон ҳам хунук хӯрда истодаанд, як тонна ангишт гирифтам бо 1300 сомонӣ, тамоман намесӯзад, хоки холӣ…

Нав ба фикри сӯзишворӣ фурӯ мерафтам, ки як мошин омада истод. Се нафар аз дохили он берун омаданд ва як марди болобаландаш гуфт:

— Мо аз ширкати суғуртавӣ!

Он сенафара тагу тору паҳлуи мошинҳоро хуб наззора карданд ва хулосаашон ин шуд, ки садама ба ҳолатҳои фавқулода дохил мешавад. Баъди ҳисобу китоб гуфтанд, ки барои таъмири мошини ман кумак мерасонанд. Ба соҳиби мошини дигар, ки бештар зарар дида буд, 49 000 сомонӣ доданд, то мошини нав бихарад.

“Ин тавр ҳам мешудааст?”,- савол додам ба худ. Посухи мувофиқе наёфтаму сарам ба дард даромад ва болои барф ғелидам, то каме осоиш ёбам.

Вақте хестам, дидам, ки хоб будаам. Дарди сар ҳам аз дуди ғализи ангишти нимсӯхта будааст. Ҳамин вақт хобам ба ёд омад. Манзараи дарахтбурии одамонро бори дигар пеши назар овардаму саволе ба миён омад:

Нашавад, ки баъди қатъи интиқоли чӯб аз Русия ба Осиёи Марказӣ ҳамватанонамон панҷа ба дарахтбурӣ нарм кунанд?

Фазлиддин АСОЗОДА

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *