Ҷаббор Расулов

Зиёда аз 200 нафар гурезаи афғон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Дар ду ҷамоати деҳоти ноҳияи Ҷаббор Расулов 205 нафар гурезагони Афғонистон зиндагонӣ менамоянд. Онҳо зиндагии худро асосан бо савдо дар бозорҳо ва марказҳои хизматрасонӣ пеш мебаранд.

Дар нишасти матбуотии ноҳияи Ҷаббор Расулов ин мавзуъ низ баррасӣ гардид. Мувофиқи иттилои раиси ҷамоати деҳоти Деҳмой, дар ин макон 20 оилаи афғон умр ба сар мебаранд, ки 93 нафарро ташкил медиҳанд. “Шарту шароити зиндагонии гурезагони афғон хуб аст. Онҳо низ чун мардуми муқимӣ зиндагонии худро пеш мебаранд. Фарзандонашон дар муассисаи таълимии миёнаи умумии рақами 14 пурра ба таҳсил фаро гирифта шудаанд”,- афзуд раиси ҷамоати деҳоти Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов.

Ҳамчунин, бояд қайд кард, ки бо дастгирии соҳибкорон ва ташкилотҳои байналхалқӣ дар МТМУ рақами 14-и ҷамоат чаҳор синфхонаи таълимӣ барои ба таълим фаро гирифтани фарзандони афғон сохта ба истифода дода шудааст.

Дар шаҳраки Меҳрободи ноҳия гурезагони Афғонистон зиёдтаранд. Дар ин ҷамоати шаҳрак 112 нафар афғонҳо умр ба сар мебаранд.

“Аз шумораи умумии афғонҳое, ки дар шаҳрак ҳастанд, 53 нафарашонро ноболиғон ташкил медиҳанд.  32 нафарашон дар МТМУ рақами 17 айни замон таҳсил менамоянд. Хонандагони синфҳои ибтидоияшон бо хӯроки гарми ройгон таъминад”,- иброз намуд Шодиев — раиси шаҳраки Меҳробод.

Фаррух УСМОНОВ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *