вагон

Дар Тоҷикистон чанд мактаб дар вагон аст? Посухи Вазорати маориф

Дар қаламрави Тоҷикистон ягон мактаб дар вагон набудааст. Дар ин бора Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад. Қаблан дар ҳудуди кишвар бо сабаби набудани бино чанде аз мактабҳо дар вагон ҷойгир буданд.

“Мо феълан дар қаламрави кишвар дар дохили вагон мактаб надорем. Ин мушкил ҳалли худро ёфт”,- гуфт вазири маориф ва илми кишвар Саидзода Раҳим Ҳамро дар нишасти матбуотии Вазорати маориф ва илм.

Муовини вазири маориф ва илм Хайрзода Шукрулло омори макотиби дар ҳолати садамабударо пешниҳод кард.

“Феълан дар кишвар 258 бинои муассисаи таълимӣ дар ҳолати садамавӣ қарор дорад. Ин нишондод дар соли 2021-ум 345 адад буд. Яъне дар давоми соли 2022-юм 87 муассиса таъмиру навсозӣ ва аз ҳолати садамавӣ бароварда шуданд”,- гуфт Хайрзода.

Ба гуфти ин мақомдори Вазорати маориф ва илм, феълан дар кишвар 258 муассисаи таълимӣ таъмирталаб ҳастанд. 62 мактаби дигар дар кишвар аз сабаби кам будани синфхонаҳо себаста будаанд.

“Мо ҳама имкониятҳоро истифода бурда истодаем, ки ин мушкил ҳалли худро ёбад. Танҳо дар соли 2022-юм 199 муассиса азнавсозӣ ва таъмир шуд, ки ғунҷоишашон 444 856 ҳазор дар як баст аст”,- гуфт вазири маориф ва илми кишвар.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *