Маҳалгароӣ барояш бегона буд…

Зикри хайри генерал-майёр Худойқул Ҳамроқулов

Генерал-майор Худойқул Ҳамроқуловро тамоми кормандони кумитаҳои амният ва гумруки кишвар ҳамчун роҳбари оқилу доно, хирадманду адолатпеша ва нексифату некрафтор, хоксору бофарҳанг, бошарафу баномус мешинохтанд.

Мактаби тарбият

Генерали ҳақиқӣ буданду таърифу тавсифро намеписандиданд, ба он эҳтиёҷ ҳам надоштанд, хидматҳояшонро барои ташкил ва рушди Кумитаи гумрук, барқарории сохти конститутсионӣ ва сулҳу субот дар ҷумҳурӣ, расидан ба муросои миллӣ, таъмини амнияти кишвар тамоми ҳамватанон ва масъулони ин соҳаҳо ба хубӣ медонанд.

Аз ин рӯ, банда қарзи инсониву шогирдӣ ҳисобидам, нисбати шодравон, ки муҳлати реҳлаташон як моҳ нашудааст, баъзе аз лаҳзаҳои ибратомӯзи ҳаёту фаъолияташонро ҳамчун дарси садоқат ба Ватану миллат, одаму одамгарӣ, некиву накӯкорӣ, шуҷоату мардонагӣ ва вафодорӣ ба касбу кори хеш ба хотир оварам, то барои роҳбарони ҷавон ва умуман, ҷавонони баору номуси кишвар намунаи ибрат, мактаби тарбият ва сабақи рӯзгор бошад.

Аввалин дидор

Дар муддати фаъолияти хизматиам, аз ҷумла дар давраи хидмат дар мақомоти амнияти кишвар аз соли 1983 то инҷониб бо ашхоси покиза, хоксору фурӯтан, хирадманду дурандеш, инсондӯст, ба Ватану миллати хеш содиқу ғамхор ва баору номус, ки баъзеашон роҳбар ва дигаре ҳамкор буданд, шарафи якҷоя таъмин намудани амнияти ҷумҳурӣ, зиндагии оромонаи мардуми шарифамон муяссарам гардидааст. Ифтихор аз он дорам, ки дар ин муддат бо марди наҷиб, фарзанди барӯманди миллат генерал-майор Ҳамроқулов Х. Ҳ.  шинос шудаам, чанд муддат таҳти сарварии эшон фаъолият карда, аз хизматҳои ибратомӯзи ин фарди накӯном дар як фосилаи таърих аз наздик шинос ҳастам.

Бори аввал, вақте ки мо як гурӯҳ афсарон барои супоридани имтиҳон аз забони хориҷӣ ба Раёсати амният дар вилояти Кӯлоб рафта будем, моро муовини сардори Раёсат оид ба кор бо кадрҳо Худойқул Ҳамроқулович хеле хуш қабул намуданд. Гуфтанд, ки имсол имтиҳони забони хориҷӣ аз кормандон дар Раёсати онҳо гузаронида мешавад.

Афсарони Раёсати вилоят дар вақти суҳбат бо ифтихор роҳбарашонро ҳамчун марди адолатпешаю боғайрат тавсиф мекарданд.

Маҳалгароӣ барояш бегона буд…

Зери роҳбарӣ ва серталабии устод Ҳамроқулов Х. Ҳ. гурӯҳи афсарони амният, ки мувофиқи талаботи давр дар мусобиқаҳои панҷҳарбаи варзишӣ иштирок мекарданд, чанд сол пай дар ҳам дар Осиёи Марказӣ дар байни Раёсатҳои амният ҷойи аввалро ишғол менамуданд.

Соли 1988 ба вазифаи муовини сардори Раёсати амният дар вилояти Қӯрғонтеппа таъин шуданд. Мавсуф дар ин вазифа низ аз рӯи масъулияти баланд хидмат намуда, дар ҷобаҷогузории объективонаи кадрҳо, тарбияи сиёсӣ ва баланд бардоштани маҳорати касбии онҳо  саҳми босазое гузошта буданд.

Он вақт дар идораи амнияти кишвар намояндагони миллатҳои дигар зиёд буданд, ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, устод Ҳамроқулов кадрҳои маҳаллиро, ки босаводу боғайрат ва бонангу баномус буданд, ҳаматарафа дастгирӣ мекарданд, бо онҳо машғулиятҳои махсус барои баланд бардоштани малакаи касбӣ ташкил мекарданд, дар вақти таъиноти афсарон ба вазифаҳои масъулияташон баландтар онҳоро дастгирӣ менамуданд, дар ҳолатҳои зарурӣ ба онҳо сипар мешуданд.

Барои генерал-майор Ҳамроқулов Х. Ҳ. маҳалгароӣ бегона буд, вай фарзанди фарзонаи миллат, соҳибватани ҳақиқӣ буд, аз хурдтарин муваффақияти афсарон хурсанд мешуд, танбалону бемасъулиятонро намеписандид.

Худойқул Ҳамроқулович қобилияти баланди одамшиносӣ доштанд. Ба кормандон на аз рӯи сухан, балки кору рафтор ва амалашон баҳо медоданд, афсаронро ба роҳи росту дуруст ҳидоят менамуданд.

Боварии мардум

Соли 1990 устод барои интихоб шудан ба ҳайси вакили мардумӣ дар баробари панҷ номзади алтернативӣ дар ноҳияи Данғара ба қайд гирифта шуданд.

Барои дӯсти азизи мо дар байни 5 номзад, ки чор нафарашон кормандони масъули ноҳия буданд, ғалаба кардан кори осон набуд, ду нафари онҳо роҳбарони хоҷагиҳо буданд ва имконияти кумаки иқтисодӣ намудан ба интихобкунандагонро доштанд. Дар ҳамин набард устод ба интихобкунандагон ваъдаи ҳимояи қонун ва адолатпешагиро, ки карда буд, ғалаба кард. Вай борҳо дар суҳбатҳои хоса ин боварии мардуми шарифи ҳақбини ноҳияи Данғараро қайд карда буд.

Поягузори кумитаи гумрук

Дар аввали солҳои 90-ум Худойқул Ҳамроқуловичро ба вазифаи роҳбари нахустини Кумитаи гумруки ҷумҳурӣ таъин намуданд. Арзанда аст, ки дӯсти азизи моро поягузори Кумитаи гумруки ҷумҳурӣ меҳисобанд. Вай ин Кумитаро ба як идораи ҳозиразамон табдил дод, ба мураккабии вазъият нигоҳ накарда, тавонистанд, ки Қонуни ҶТ “Дар бораи гумрук «-ро дар Иҷлосияи 16-уми тақдирсози соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд қабул намоянд.

Дар як муддати кӯтоҳ беҳтарин кадрҳои лаёқатманду олимони ҷавони иқтисоддонро ба Кумита ҷалб намуданд, то ин ки иқтисоди кишварро ҳифз намоянд, пеши қочоқу ғораткунии кишварамонро бо кормандонашон дар ҳамон лаҳзаҳои вазъияти муташанниҷ бигиранд. Бо қисме аз афсарони баландрутбаи Кумитаи гумрук шинос ҳастам ва онҳо дар ҳама суҳбатҳо бо ифтихор генерал Ҳамроқуловро устоди хеш медонанд ва дар бораи озодамардию боғайратиаш, тозакорию бовиҷдониаш қайд намуда, вайро гумрукчии рақами 1 ва чекисти арзанда меҳисобанд.

Дар хизмати Ватан

Соли 1997 генерал-майор Ҳамроқулов Х. Ҳ. бо фармони Президенти кишвар муовини вазири амнияти ҷумҳурӣ таъйин карда шуданд. Дар барқарор кардани сохти конститутсионӣ саҳми босазое гузоштаанд. Борҳо бо супориши Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳайати комиссияи босалоҳият ба минтақаҳои вазъияташон мураккаб сафар карда, бо намояндаҳои мухолифин дар мулоқотҳо иштироки бевосита кардаанд.

Бе ягон муҳобот, Худойқул Ҳамрокулович ҷавонмарде буданд, ки ҷони худро барои ҳимояи халқу Ватан ва манфиатҳои он чӣ дар замони шӯравӣ ва чӣ соҳибистиқлолии кишвар, борҳо зери хатар гузоштаанд. Вай дар давраи хизмати аскариаш соли 1968 дар ба эътидол овардани вазъият дар Ҷумҳурии Чехословакия, охири солҳои 80-уми асри ХХ саҳм гузошта бошад, борҳо бо супориши махсуси Кумитаи амният ба Афғонистон сафарҳои хизматӣ кардааст.

Нақл карда буданд, ки боре вақти сафар дар яке аз минтақаҳои вилояти Тахор, барои як қисми ҳарбии махсуси Артиши Шӯравӣ, ки ҳамон вақт баҳри ёрии башардӯстона дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон буд, таъмини оби нӯшокӣ мушкил мешавад. Муҷоҳидин ва мардуми маҳаллии силоҳбадаст намегузоштанд, ки аз деҳаи онҳо барои аскарбачаҳо оби нӯшокӣ таъмин карда шавад. Дар натиҷаи гузаронидани суҳбатҳои инфиродӣ бо роҳбар ва имомхатиби масҷиди деҳа ва гузаронидани якчанд чорабиниҳои оперативӣ аз тарафи подполковник Ҳамроқулов Х. Ҳ. ва як афсари масъули дигар онҳо розӣ шуданд, ки оби нӯшокиро аскарон омада аз деҳаи онҳо гиранд.

Дар муддати ба ҳайси муовини раиси амният фаъолият карданашон, барои таъмини бехатарии кишвар, барои таъмини сулҳ, дар баробари дигар роҳбарони амнияти кишвар генерал-полковник С. Зуҳуров, генерал-лейтенантҳо марҳумон А. Купсов ва С. Камолов, генерал-майорҳо Д. Мамадризобеков, Б. Абдуллоев, Э. Муҳиддинов, А. Солибоев, Д. Бобоев ва марҳум Ш. Ҷобиров хизматҳои беназире кардаанд.

Баъди нафақа…

Устод дар соҳаи илм низ пешқадам, номзади илмҳои иқтисодӣ буданд.

Барои хизматҳои содиқона ба Ватан бо фармони Президенти ҶТ бо ордени “Спитамен” ва якчанд медалу ифтихорномаҳо мукофотонида шуда буданд.

Моҳи июли соли 2024 генерал-майор Ҳамрокулов Х. Ҳ. барои ҳамкории ҳамаҷониба бо сарҳадбонони тоҷик дар ҳифзи сарҳади давлатӣ, бо Фармони Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадӣ бо медали ҷашнии 30-солагии ташкилёбии Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ сарфароз гардонида шуданд. Дар ҳолати қабули медали номбаршуда устод иброз намуданд, ки Дидбонгоҳи сарҳадии дар наздикии боғашон, дар деҳаи Фароб бударо ба “сарпарастӣ” мегиранд.

Баъди ба нафақа баромадан дӯсти азизу ҳамрози мо қариб 3 сол муовини раиси шаҳри Душанбе шуда, дар ободонӣ бахшида ба 80-солагии пойтахт саҳми босазое гузошта буданд. Солҳои охир директори генералии ширкати саёҳии ҶММ » Ориент Адвентур» буданд. Бояд қайд намоям, ки 3 соли охир ин ширкати саёҳӣ дар байни зиёда аз 250 ширкати саёҳии ватанӣ ҷойи аввалро ишғол намуда, сайёҳонро аз зиёда аз 30 давлат қабул ва гусел менамоянд.

Аз некон боғ…

Шодравон Худойқул Ҳамроқулов 25-уми марти соли 1947 дар деҳаи зебоманзари Фароби шаҳри Панҷакент таваллуд шуда, 77 сол умри бобаракат аз сар гузарониданд ва 6-уми августи соли 2024 моро падруд гуфтанд.

Дар деҳаи номбурда дар масоҳати зиёда аз 10 гектар боғи дарахтони мевадор — 8 намуди себ, 7 намуди шафтолу, 8 намуди олу, 6 намуди зардолу ва дигар намудҳои дарахтони мевадиҳандаро парвариш карда, ба ҳосил оварда буданд. Дар боғашон зиёда аз 20 намуди ниҳоли чормағз ва 47 намуд гулҳои гуногун шинонида буданд.

Он кас яке аз аввалин нафароне мебошанд, ки дар деҳаи баландкӯҳи Фароб дар шароити гармхона тавонистанд ниҳоли лимуи водии Вахшро то ба ҳосили фаровон оварда расонанд. Аз натиҷаи меҳнаташон боифтихор гап мезаданд. Марди сахӣ ва дасткушод буданд. Аз бозори ниҳол барои ҳамсояҳо ва ҳатто мазори деҳа чанд маротиба садҳо арча харида, барои шинонидан ройгон тақсим мекарданд. Дар боғи парваришкардаи устод ниҳолҳо ё тухмии меваҷот ва гулҳо ба воситаи рафиқонашон аз Аврупо, Осиё, Африқо ва Ҳиндустон оварда шудаанд ва онҳо дар хоки Фароб сабзидаанд.

Шоири ширинкалом ва Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода дар бораи ин гуна мардони майдон дуруст гуфтаанд:

Дарахти дӯстӣ биншон, ки коми дил ба даст орад,

Ниҳоли душманӣ баркан, ки ранҷи бешумор дорад.

Р. МАҲМАДАЛИЕВ,

генерал-майор, собиқадори Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *